17-05-2013

Мулоқоти дуҷониба миёни Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Завқиҷон Завқиев ва Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон Кристофер Миллер

Рӯзи 15-уми апрели соли ҷорӣ миёни Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Завқиҷон Завқиев ва Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон Кристофер Миллер мулоқоти дуҷониба сурат гирифт.

Зимни мулоқот масоили ҳамоҳангсозии дастгирии шарикони рушд вобаста ба гузаронидани таҳлилҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ тибқи нақшаи фаъолияти гурӯҳи корӣ, масъалаи сафари ҳайати Котиботи Шӯрои сармоягузории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкориҳои Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ вобаста ба дастгирии техникии сомонаи интернетии Шӯрои машваратӣ мавриди баррасии ҳаматарафаи ҳарду ҷониб қарор гирифт.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ баҳри мусоидати ҳамаҷониба ба фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ, аз ҷумла гузаронидани таҳлилҳо вобаста ба масъалаҳои алоҳидаи бахши сайёҳӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти шарикони рушд дар ин самт омода аст. Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки Корпоратсияи Молиявии Байналмилалӣ маблағгузории сомонаи интернетии Шӯрои машваратиро то соли 2015 ва сафари ҳайати Котиботи Шӯрои сармоягузории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистонро, ки тобистони соли ҷорӣ сурат хоҳад гирифт, ба ӯҳда мегирад. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид