23-05-2013

«Форуми соҳибкории Душанбе – 2013»

Дар таърихи 18 майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе дар доираи вохӯрии ҳарсолаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки Исломии Рушд бо дастгирии Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусии Гурӯњи Бонки Исломии Рушд, таҳти сарпарастии Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Форуми соҳибкории Душанбе – 2013» баргузор гардид. Дар кори Форум Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Матлубхон Давлатов, Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муродалӣ Алимардон, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлаталӣ Саидов, Директори Корпоратсияи Исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ, Халед Ал-Абудӣ, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ, намояндагони бахши хусусӣ, аз ҷумла сармоягузорону соҳибкорони кишварҳои аъзои Бонки Исломии Рушд иштирок намуданд.

Форумро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидов Д.Ш. оғоз бахшида, меҳмонони олиқадрро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.

Дар ҷараёни форуми мазкур Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Завқиҷон Завқиев атрофи фаъолият ва дастовардҳои афзалиятноки Шӯрои машваратӣ муаррифнома пешниҳод намуд.

Бо матни пурраи он метавонед ворид шудан ба суроғаи мазкур шинос шавед. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид