19-06-2013

Мулоқоти Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Завқиҷон Завқиев бо Роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон Кристофер Миллер

Рӯзи 19 июни соли 2013 миёни Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Завқиҷон Завқиев ва Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон Кристофер Миллер вохӯрии дуҷониба сурат гирифт.

Зимни вохӯрии мазкур масъалаи маблағгузории нақшаи кории гурӯҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт. Аз ҷониби Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ зикр гардид, ки шарикони рушд омодаанд дар 6 самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ кӯмаки техникӣ ва молиявии худро расонанд.

Роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ Завқиҷон Завқиев изҳорӣ миннатдорӣ намуда, қайд намуд, ки тамоми ҷиду ҷаҳд баҳри ҳал намудани масоили мазкур равона гардида, то ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ пешниҳодот омода карда мешаванд, ки ин иқдом аз ҷониби Роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон Кристофер Миллер дастгирӣ ёфт.

Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ зикр намуданд, ки ҳамкориҳои судманд дар ин самт идома хоҳанд ёфт.

Инчунин дар рафти вохӯрии мазкур масъалаи ташкил ва маблағгузории семинар дар мавзӯи “Муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон” баррасӣ шуд. Дар натиҷаи гуфтугӯйи судманд ҷониби Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ изҳори омодагӣ ҷиҳати расонидани кӯмаки молиявии худро намуд. Санаи баргузории семинари мазкур моҳи июл дақиқ хоҳад шуд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид