21-06-2013

Ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси шаҳри Кӯлоб оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Дар таърихи 20 июни соли 2013 ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси шаҳри Кӯлоб оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ таҳти раёсати Раиси шаҳри Кӯлоб, Раиси Шӯрои машваратӣ Абдуғафор Раҳмонов доир гардид. Дар ҷаласа намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд ширкат намуданд.

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Завқиҷон Завқиев дар ҷаласа иштирок намуда, оид ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Шӯрои машваратии назди Раиси шаҳри Кӯлоб оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ баромад намуд ва вобаста ба мавзӯи мазкур таклифу пешниҳодоти муфид манзур кард.

Дар ҷаласа иштирокчиён оид ба мавзӯҳои баррасишаванда фикру андешаҳои худро иброз дошта, вобаста ба ин қарорҳои дахлдори Шӯро қабул гардид.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид