30-07-2013

Вохӯриҳои дуҷонибаи Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо Роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Кристофер Миллер ва Муовини Роҳбари Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария Н. Гюгас

Рӯзи 30 июли соли 2013 вохӯриҳои дуҷониба миёни Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муовини Роҳбари Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария Николас Гюгас ва Роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ гузаронида шуданд.

Дар вохӯриҳои мазкур масъалаи ҳамкории ҷонибҳо вобаста ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ баррасӣ гардид.

Дар ҷавоб ба дархости Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҷонибҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки ҷиҳати татбиқи Нақшаи амали гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ кӯмакҳои техникӣ мерасонанд.

Ҳар ду ҷониб ба хулосае омаданд, ки вохӯрии муштараки Гурӯҳи кории байниидоравӣ ва Гурӯҳи кории шарикони рушд оид ба сайёҳӣ гузаронида шавад. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид