06-08-2013

Ҷаласаи муштараки гурӯҳи кории идоравӣ ва шарикони рушд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Рўзи 02 –юми августи соли 2013 љаласаи муштараки гурӯњи кории идоравї ва шарикони рушд оид ба бењтар намудани фазои сармоягузорї дар бахши сайёњї дар Тољикистон баргузор гардид.

Роњбари гурӯњи корї, Роњбари Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба бењтар намудани фазои сармоягузорї - Завќиљон Завќиев љаласаи 4-уми муштараки гурӯњи кории идоравї ва шарикони рушдро ифтитоњ намуда бори дигар оид ба муњимияти масъала таъкид карданд. Гурӯњи корї вазифадор аст, ки тамоми пањлӯњо ва масъалањои рушди бахши сайёњиро тањлил намуда, тавсияњои худро доир ба бењтар намудани фазои сармоягузорї дар бахши сайёњї дар як баста ба љаласањои ояндаи Шўро пешнињод намояд.

Аз љониби шарикони рушд Кристофер Миллер – Роњбари Намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявї дар Тољикистон баромад намуда ќайд карданд, ки шарикони рушд ба рушди бахши сайёњии Президенти Ҷумҳурии Тољикистон њавасманданд ва омодаанд ба ҷониби Тоҷикистон дар таҳия, қабул ва татбиқи ин ислоҳот кумакҳои техникӣ расонанд. Роњбари Намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявї дар Тољикистон ба њозирин доктор Филипп Ридл – мушовири байналхалќї оид ба бахши сайёњиро муаррифї намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Британияи Кабир ба ин мақсад ҷалб шудааст.

Роњбари гурӯњи корї дастур дод, ки доктор Филипп Ридл ба зергурӯњњои корї њамчун мушовир њамроњ карда шавад.

Дар навбати худ, Доктор Филипп Ридл ќайд кард, ки Тољикистон њамаи шароитњои мусоидро барои рушди сайёњї соњиб аст ва раванди рушди он дар роњи дуруст ќарор дорад.

Дар ҷаласа, ба зергурӯҳҳои корӣ тавсия дода шуд, ки ҷиҳати татбиқи нақшаи амал фаъолона кор бурда, тавсияҳои худро барои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ то октябри соли ҷорӣ пешниҳод намоянд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид