09-08-2013

Вохӯрии навбатии Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо доктор Филипп Ридл – мушовири байналхалқӣ оид ба бахши сайёҳӣ

Рӯзи 07-уми августи соли 2013 вохӯрии навбатии Завқиҷон Завқиев - Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо профессор Филипп Ридл – мушовири байналхалқӣ оид ба бахши сайёҳӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба зергуруҳҳои дахлдори гуруҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ ва анҷом додани корҳои мушаххас дар моҳҳои август, сентябр ва октябр аз ҷониби зергуруҳҳои мазкур баррасӣ гардид.

Вобаста ба ин нақшаи кории ҳар як зергуруҳ таҳия ва барои иҷроиш пешниҳод гардид. Дар қадами минбаъда ҳар як зергуруҳро зарур аст, ки аз рӯи нақшаи худ фаъолияти самаранок барад.  

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид