30-08-2013

Вохӯрии Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо хонум Марша Олив - Роҳбари Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

Рӯзи 30-уми августи соли 2013 вохӯрии Завқиҷон Завқиев - Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо хонум Марша Олив - Роҳбари Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масоили тақвияти ҳамкориҳои Шӯрои машваратӣ ва Котиботи он бо Бонки Ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар натиҷаи вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро вобаста ба гузаронидани ислоҳот дар самтҳои суғурта ва рушди бахши хусусӣ тақвият хоҳанд дод.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид