08-01-2014

Мулоқоти дуҷонибаи Завқиҷон Завқиев - Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ бо Кристофер Миллер - Намояндаи доимии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон

Рӯзи 7-январи соли 2014 мулоқоти дуҷонибаи Завқиҷон Завқиев – Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо Кристофер Миллер – Намояндаи доимии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот Роҳбари Котибот оид ба ҷараёни фаъолияти Котиботи Шӯрои машваратӣ, дастовардҳо ва ислоҳоте, ки дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ татбиқ шуда истодаанд, маълумот дод. Аз ҷумла:

 · оид ба раванди шомилшавии Тоҷикистон ба Конвенcияи Гаага оид ба легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ;

 · ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии мамлакат;

 · пешниҳоди лоиҳаи нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ;

 · беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ;

 · таъсисёбии гуруҳи корӣ оид ба рушди бозори такрории қоғазхои қиматнок ва биржаи фондӣ дар асоси банди 7-и Протоколи ҷаласаи 12-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ.

Инчунин оид ба гузаронидани мизи мудаввар дар моҳи ояндаи соли ҷорӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҷаноби Кристофер Миллер ба дастовардҳои Шӯрои машваратӣ баҳои баланд дода, зикр намуд, ки омода аст, ки якҷо бо дигар шарикони рушд дар татбиқи ислоҳоти мазкур кӯмак расонад ва ба кори гуруҳи корӣ оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок коршиносро ҷалб намояд.

Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҳамкориҳои судманди ду ҷонибаро дар самтҳои зикргардида идома хоҳанд дод.  

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид