14-06-2014

Мулоқоти дуҷонибаи Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо ҳамоҳангсози Агентии Туркия оид ба ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА)

Рӯзи 11-уми июни соли равон дар дафтари кории Котиботи Шӯрои машваратӣ вохӯрии Нуъмон Абдуҷаборов - Роҳбари Котиботи Шӯро бо Нозим Оқсой - ҳамоҳангсози Агентии Туркия оид ба ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои Котиботи Шӯро бо ин агентӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд.

Роҳбари Котиботи Шӯро ҳамоҳангсози Агентии Туркия оид ба ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозиро вобаста ба ислоҳоти татбиқшудаистода дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ огоҳ намуд.

Ҳамоҳангсози Агентии мазкур барои даъват ба ҷаласаи 13-уми Шӯро, ки дар таърихи 30 майи соли 2014 доир гардида буд, изҳори миннатдорӣ намуда, ба сатҳи гузаронидани ҷаласаи Шӯро ва масъалаҳои баррасишаванда баҳои баланд дод.

Дар хотима ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки Агентии мазкур ба фаъолияти гуруҳи корӣ оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ, ки дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ таъсис дода шудаст, мусоидат намуда, гуруҳи кориро бо таҷрибаи Туркия дар ин самт ошно хоҳад кард.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид