21-06-2014

Ҷаласаи дуюми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт

21 июни соли 2014, дар ноҳияи Рашт, таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт – мӯҳтарам Қодири Қосим, ҷаласаи дуюми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт баргузор гардид.

Ҷаласаро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ - Қодири Қосим оғоз намуда, ҳозиринро бо 17 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик кард ва ба онҳо осмони софу рӯзгори осударо орзу намуд.

Қабл аз баррасии масъалаҳои асосии рӯзномаи ҷаласа, бинобар сабаби ба охир расидани мӯҳлати фаъолияти Намояндагии Ташкилоти Шафқат дар водии Рашт ва қатъ гардидани ваколати роҳбари ин созмон дар водии Рашт хонум Джанис Сетсер ба ҳайси аъзои Шӯро, аз ҷониби шарикони рушд номзадии менеҷери минтақавии Барномаи инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Хазинаи Оғохон - Шарипов Маҳмадӣ ба узвияти Шӯро, пешниҳод карда шуд.

Вобаста ба масъалаи якум Раиси Шӯрои машваратӣ, Қодири Қосим Котиби Шӯрои машваратӣ - Зафар Ҳисориев ва узви тозаинтихобшудаи Шӯрои машваратӣ аз ҷониби шарикони рушд, менеҷери минтақавии Барномаи инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Хазинаи Оғохон - Шарипов Маҳмадиро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, ба онҳо фаъолияти пурсамар ва барори кор орзу намуд.

Вобаста ба масъалаи дуюми ҷаласа роҳбари ширкати сайёҳии «Сайёҳ» Мирзошоҳ Акобиров баромад намуда, натиҷаҳои таҳлил ва тавсияҳоро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар водии Рашт муаррифӣ намуд.

Аз ҷумла, вобаста ба нақши шарикони рушд дар гузаронидани таҳлил ва татбиқи тавсияҳо оид ба рушди бахши туризм дар водии Рашт роҳбари Барномаи рушди бахши хусусии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Хартвиг Унгетум баромад намуд.

Вобаста ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар водии Рашт инчунин ҳамраисони Шӯро, Раиси ноҳияи Рашт- Сайумрон Абдураҳмонзода, Раиси ноҳияи Нуробод - Сайдамир Сиёмардзода, Раиси ноҳияи Тоҷикобод - Ҳусейн Ализода, Раиси ноҳияи Тавилдара - Ҳиматшои Ғайрат ва Раиси ноҳияи Ҷиргатол - Умедхоҷаи Зоир баромад карданд.

Вобаста ба масъалаи сеюм аъзои Шӯро, директори ҶДММ «Меҳробфарм»-и ноҳияи Рашт - Мирзоалӣ Камолов ахборот дода, масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ дар водии Раштро ба баррасии ҷаласаи ояндаи Шӯро пешниҳод кард, ки он аз ҷониби ҳамаи аъзоёни Шӯрои машваратӣ дастгирӣ ёфт.

Дар хотимаи ҷаласа аз ҷониби Қодири Қосим - Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт ба масъулин ва намояндагони мақомоти ноҳиявии вазорату идораҳои дахлдор вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласа баррасигардида, дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид