30-07-2014

Ҷаласаи якуми муколамаи давлат бо бахши хусусӣ дар сатҳи миллӣ дар соҳаи истифодаи қаъри замин ва рушди соҳаи маъдан

Имрӯз дар Душанбе аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва бо ҷалби шарикони рушд ҷаласаи якуми муколамаи давлат бо бахши хусусӣ дар сатҳи миллӣ дар соҳаи истифодаи қаъри замин ва рушди соҳаи маъдан баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат вобаста ба эълон намудани солҳои 2014-2020 ҳамчун давраи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ ва бо мақсади иҷрои банди 6-уми супориши протколии ҷаласаи 13-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ доир карда шуд.

Дар ҷаласа намояндагони вазорати саноат, молия, кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, саридораи геология, шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Ҳамоишро муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллоев З.Қ. ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки дар асоси супориши сарвари давлат ба роҳ мондани истифодаи оқилонаи тамоми имконоти истеҳсолии ҷумҳурӣ дар бахши саноат, аз ҷумла саноати истихроҷи куҳӣ ва ташкили ҷойҳои кории нав, афзоиши нерӯи истеҳсолӣ ва содиротии кишвар дар он мувофиқи мақсад аст. Шароити муосири хоҷагидорӣ ва сатҳи рақобати истеҳсолот дар ҷаҳон ва минтақа тақозо менамояд, ки Тоҷикистон имконоти мавҷудаи худро тавассути ҷалби бахши хусусии кишвар ва бо дастгирии шарикони рушд давра ба давра тақвият бахшад.

Дар ҷаласа намояндагони бахши хусусӣ, давлатӣ ва шарикони рушд бо муаррифнома ва маърӯзаҳои худ баромад намуда, вобаста ба вазъи кунунӣ, мушкилот ва дурнамои беҳдошти саноати истихроҷи куҳӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ибрози назар намуданд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки пойгоҳи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои сохторҳои танзимкунандаи бахши куҳкорӣ таҷдиди назар мехоҳанд.

Дар нимаи дуюми рӯз, иштирокчиёни ҷаласа ба зергуруҳҳо тақсим карда шуда, мутаносибан назари худро ҷиҳати беҳдошти вазъи саноати истихроҷи куҳӣ, аз ҷумла содда намудани андозбандии қаъри замин, содда намудани раванди тамдиди иҷозантомадиҳӣ барои истифодаи қаъри замин, тайёр намудани мутахассисони касбӣ, соҳавӣ ва ҳуқуқӣ аз ҳисоби грантҳо ва ширкатҳо, таблиѓи фаъолияти бовиҷдонона намудани сармоягузорон ба масъулини ҳамоиш Вазорати саноат, Котиботи Шӯрои машваратӣ ва намояндагии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналхалқӣ пешниҳод намуданд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид