26-02-2015

Нахустин соли таҷлили Рӯзи соҳибкорон дар ҷумҳурӣ

Имрӯз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати ҷумҳуриро оид ба ворид кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҷиҳати ҳама сола санаи 14 октябр таҷлил намудани Рӯзи соҳибкорон ҷонибдорӣ намуд.

Қобили зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти худ бо соҳибкорону сармоягузорон барои саъю талошварзиҳои онҳо ҷиҳати устувор намудани асосҳои иқтисодии истиқлолияти давлат, бунёди корхонаву муҳайё намудани ҷойҳои корӣ, саҳми онҳо дар коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ, дастгирии эҳтиёҷмандону ниёзмандон миннатдорӣ баён намуда, ба хотири заҳматҳо дар роҳи ободии Ватан ва ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти содиқонаву софдилонаи соҳибкорон 14 – уми октябрро дар мамлакат Рӯзи соҳибкорон эълон намуданд.

Тавре маълум аст, аз натиҷаи мулоқоти Президенти мамлакат бо соҳибкорону сармоягузорон 31 октябри соли 2014 Нақшаи чорабиниҳо қабулкардашуда, Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ соли ҷорӣ ҷиҳати амалӣ намудани он ва иқдоми Сарвари давлат вобаста ба таҷлили Рӯзи соҳибкорон, як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст.

Нахустин соли ҷашни Рӯзи соҳибкоронро ба соҳибкорону тоҷирони ҷумҳурӣ ва ба тамоми мардуми кишвар, ки дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо нақши соҳибкорон муассир хоҳад буд, шодбош гуфта, дар фаъолияти пурсамари онҳо барору комёбиҳо хоҳонем.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид