03-03-2015

Мулоқоти Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо Калмон Калотай – масъули бахши иқтисодии Конфронси Созмони Миллали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд

Имрӯз дар дафтари кории Котиботи Шӯрои машваратӣ мулоқоти Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо Калмон Калотай – масъули бахши иқтисодии Конфронси Созмони Миллали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба раванди ислоҳот дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ, фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ва дигар масъалаҳо табодули афкор сурат гирифт.

Аз ҷумла, роҳбари Котиботи Шӯро Нуъмон Абдуҷаборов оид ба раванди татбиқи ислоҳот дар самти беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва дастовардҳо дар ин самт ибрози назар намуд.

Ҷаноби Калмон Калотай иброз дошт, ки раванди омода кардани гузориш оид ба таҳлили сиёсати сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, он то соли 2016 идома меёбад. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид