13-03-2015

Ҷоизаи ҷаҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид

Рӯзҳои 10-13 марти соли 2015 дар шаҳри Копенгагени Дания ҳамоиши байналмилалӣ оид ба муколамаи давлат ва бахши хусусӣ доир гардид.

Ҳамоиши мазкур бо ибтикори Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо Конфедератсияи Дания оид ба саноат ва дигар созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардида, дар он зиёда аз 300 нафар намояндагони бахшҳои давлативу хусусӣ ва шарикони рушд аз 54 мамлакати олам иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ шоҳбонуи Дания хонум Мари баромад намуда, вобаста ба аҳамияти муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар рушди иқтисодии мамлакат ибрози назар намуд.

Инчунин дар чорабинӣ намояндагони як қатор сохторҳои муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ, корхонаҳои бузурги саноатӣ, созмонҳои соҳибкорӣ, ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Намояндагони кишварҳои иштирокчӣ оид ба фаъолияти сохтори муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ва аҳамияти он ҷиҳати рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва дар маҷмуъ рушди иқтисодиёти мамлакатҳои худ муаррифномаҳо пешниҳод намуданд.

Дар кори форум, аз ҷумла корҳои анҷомдодашуда дар самти таҳкими муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.

Қобили тазаккур аст, ки бо эътирофи ислоҳоти аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳсозии фазои сармоягузориву соҳибкорӣ таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доиргардида, дар байни сохторҳои муколамаи давлат ва бахши хусусии мамлакатҳои иштирокчӣ - Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамчун сохтори беҳтарини муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар арсаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд ва бо ҷоизаи байналмилалии «Ҳовард» (Howard)-и Бонки Ҷаҳонӣ ва Конфедератсияи Дания оид ба саноат сарфароз гардонида шуд.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ислоҳот дар самтҳои беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои сайёҳӣ, суғурта, рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ, ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон, ба тасвиб расонидани Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорону сармоягузорон, нахустин Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе – 2014 таҳти унвони «Соҳибкорӣ – муҳаррики иқтисодиёт» ва дигар чорабиниҳо дар самти беҳсозии фазои сармоягузориву соҳибкорӣ гузаронида шуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид