12-03-2015

Баргузории ҷаласаи гуруҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ

Тибқи супориши протоколии ҷаласаи ХIV Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин ҷаласаи гуруҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои гуруҳи корӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи ҷаласа Роҳбари гуруҳи корӣ, Муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотамов Д. таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти кишварро ба рушди соҳаи кишоварзӣ қайд карда, барои дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин соҳаи барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ муҳим, ҳамчунин иқдоми роҳбари давлат ҷиҳати баррасии масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ дар ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ изҳори сипос намуд.

Ҳамзамон, Ҳотамов Д. оид ба самтҳои асосии фаъолияти гуруҳи корӣ, зарурати баррасии масъалаҳо ва таҳлили ҳамаҷонибаи соҳа бо мақсади фарогирии ҳамаи ҷанбаҳои он ибрози назар карда, изҳори итминон намуд, ки гуруҳи корӣ дар рушди соҳаи кишоварзӣ бо таҳия намудани таҳлилҳои амиқ ва тавсияҳои муфид дар ин самт саҳми муносиб хоҳад дошт.

Дар ҷаласа инчунин оид ба ҳамоҳанг намудани масъалаҳои баррасишаванда, раванди таҳияи тавсияҳо ва фаъолияти минбаъдаи гуруҳи корӣ табодули назар сурат гирифт.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид