21-04-2015

Мулоқот бо сармоягузорони Туркия

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Нуъмон Абдуҷаборов дар Мизи мудаввар, ки 20 апрели соли ҷорӣ бо иштироки доираҳои тиҷоратии аъзои Ассосиатсияи соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону Туркия дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Қобили зикр аст, ки дар чорабинӣ ширкатҳои бузургу миёнаи Туркия дар соҳаҳои сохтмон, истеҳсол ва тиҷорат аз ҷониби Тоҷикистон намояндагони маъмурияти МОИ «Данғара» ва «Панҷ» иштирок намуданд.

Дар баромади Роҳбари Котиботи Шӯро ва намояндагони маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба сармоягузорони Туркия оид ба ислоҳоти аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷалби сармоя ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва имкониятҳои МОИ маълумот пешниҳод карда шуд.

Сармоягузорони Туркия пас аз дарёфти иттилооти зарурӣ ва муфид, ба хусус оид ба ислоҳотҳои дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда ва изҳори қаноатмандӣ аз ин раванд, инчунин маълумотҳои оид минтақаҳои озоди иқтисодӣ пешниҳодгардида ба иброз доштанд, ки имкониятҳои МОИ «Данғара» ва «Панҷ»-ро омӯхта, барои сохтмони иншоот дар ин минтақаҳо тасмим хоҳанд гирифт.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид