22-04-2015

Мулоқоти Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ

Рӯзи 21 апрели соли 2015 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мулоқоти Роҳбари Котибот - Нумон Абдуҷаборов бо намояндагони Лоиҳаи “Баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ”-и Бонки ҷаҳонӣ - Арис Молфетас ва Ҳироюки Тсузаки мулоқот намуд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои татбиқи босамари бахшҳои Лоиҳаи мазкур ва таъсири он ба нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ ибрози назар намуданд.

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ ба меҳмонон иттилоъ дод, ки татбиқи ҳарчи зудтари бахшҳо, аз ҷумла дар самти мукаммал намудани низоми «Равзанаи ягона» барои бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, таъсиси низоми «Равзаняи ягона» барои дастрас намудани иҷозати оғози корҳои сохтмонӣ ва ташкили Феҳристи гарави амволи манқул барои беҳтар намудани нишондиҳандаи ҷумҳурӣ дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ таъсири мусбӣ хоҳад расонд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро барои татбиқи босамари Лоиҳа идома хоҳанд дод.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид