07-04-2015

Мизи мудаввардар мавзӯи “Роҳҳои беҳтар намудани ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Рӯзи 06 апрели соли 2015 бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон Мизи мудаввардар мавзӯи “Роҳҳои беҳтар намудани ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Чорабиниро Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзуллозода Лочин Нусратулло аз номи Роҳбарияти Кумита ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ баррасии масъалаҳои ҷалби беҳтари сармояи хориҷӣ ва муаян кардани монеаҳо дар ин самти муҳими кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар идомаи мизи мудаввар намояндаи доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон, Ричард Ҷонс, роҳбари департаменти рушди бахши хусусии Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, Кристин Лаабс, Ректори Донишкадаи молия ва иқтисодии Тоҷикистон, Солиев Ашурбой, ҷонишини Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон Мирзохонов Сироҷиддин Баромади иҷрокунандаи Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирсаидов Аброр оид ба роҳҳои беҳтар намудани ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар баромад карда, таклифу пешниҳодҳои судманди худро, оид ба мавзуи матрахгардида манзури иштирокчиён намуданд.

Оид ба саҳми муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ баромади Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуҷаборов Нуъмон шунида шуд.

Илова бар ин дар мизи мудаввар оид ба раванди таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи сармоягузорӣ” дар таҳрири нав Сардори Раёсати сармоягузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонов Сафаралӣ маълумот дод.

Аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ директори ҶДММ “Шивер-Тоҷикистон”, бренди ҷаҳонии “Ашан”, Фредерик Лоббе, намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии халқии Хитой, намояндаи Ширкати саноатӣ ва кӯҳии Тоҷикистону Хитой ва аз ҷониби бахши хусусии ватанӣ муовини аввали Раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Саидисмонов Р. баромадҳои худро ирсол карданд.

Пас аз баромади маърузачиён иштироккунандагони мизи мудаввар мулоҳизаронӣ намуда, саволу ҷавоб сурат гирифт.

Дар анҷоми чорабинӣ Изҳороти “Мизи мудаввар” кабул карда шуд, ки дар он устувории қонунгузорӣ, кам кардани дахолати мақомоти санҷишӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ, аз он ҷумла аз байн бурдани санҷишҳои пай дар пай, инчунин ташкили Фонди суғуртаи сармоя ва стратегияи инвеститсияҳои инноватсионӣ масъалаи мубрам ҳисобида шуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид