18-05-2015

Ҷаласаи дуюми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Санаи 15-уми майи соли 2015, таҳти раёсати Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯро оид ба шарики давлат ва бахши хусусӣ Давлаталӣ Саид ҷаласаи дуюми Шӯро оид ба шарики давлат ва бахши хусусӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа оид ба мониторинги иҷрои қарорҳои ҷаласаи якуми Шӯро, аз ҷумла лоиҳаҳои «Сохтмони неругоҳҳои барқии обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ва шохобҳои он», «Сохтмони Маркази нақлиётию логистикӣ» дар ш. Турсунзода, «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ», «Сохтмони хати роҳи оҳан» ва «Сохтмони инфрасохтори аввалия» дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» гузориши шахсони расмӣ шунида шуданд.

Ҳамчунин дар ҷаласа оид ба лоиҳаҳои нави шарики давлат ва бахши хусусӣ, аз қабили «Сохтмони хати интиқоли барқ ба МОИ Данғара», лоиҳаи «Таъсиси Маркази симулятсионии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи «Сохтмон, истифодабарӣ ва супоридани Бӯстонсарой» муҳокимаҳо сурат гирифта, гузориши шахсони расмӣ ва муаррифии шарикони рушд манзур карда шуданд.

Дар интиҳои ҷаласа, оид ба таъсиси Фонди таҳияи лоиҳаҳои шарики давлат ва бахши хусусӣ, гузориши Котиби Шӯро, директории Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» шунида шуд.

Дар охир вобаста ба масъалаҳои муҳокимашуда қорорҳои дахлдор қабул карда шуданд.     

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид