19-05-2015

Мулоқоти Роҳбари Котиботи Шӯро бо роҳбарияти корхонаҳои бахши маъдан ва хӯрокворӣ

Санаи 15-уми майи соли 2015 дар доираи омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯро вохӯрии роҳбари Котиботи Шӯро Нуъмон Абдуҷаборов бо роҳбарияти корхонаҳои бахши маъдан ва хӯрокворӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ як қатор мушкилоти рушди соҳибкории ватанӣ дар бахши саноат, аз ҷумла беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши куҳкорию истихроҷ ва истеҳсоли маводи хӯрока мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ лоиҳаи тавсияҳои гуруҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои самоягузорӣ дар бахши саноат, аз ҷумла маъдан ва хӯрокворӣ дар ҷумҳурӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Намояндагони ширкатҳои истеҳсолкунандаи маводи хӯрока ва коркард қайд намуданд, ки айни замон дастгирии давлатии истеҳсолкунандаи ватанӣ дар самти фурӯши моли онҳо дар нуқтаҳои фурӯши маводи хӯрокаи ҷумҳурӣ зарур аст.
Аз ҷониби ширкатҳои соҳаи маъдан низ як қатор таклифу пешниҳодот ҷиҳати ворид намудан ба лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ баён гардиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки тибқи супориши протоколии ҷаласаи 13-уми Шӯрои машваратӣ супориш дода шуда буд, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Саридораи геология ва дигар вазорату идораҳо, бахши хусусӣ ва бо ҷалби шарикони рушд гуруҳи корӣ таъсис дода, оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ таҳлили ҳамаҷониба гузаронанд ва натиҷаҳои онро бо тавсияҳои мушаххас ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯро пешниҳод намояд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид