07-08-2015

Ҷаласаи понздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

Имрӯз 05 августи соли 2015, дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Қоҳир Расулзода ҷаласаи понздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Нахуст дар ҷаласа гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қодири Қосим оид ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Қайд карда шуд, ки қарорҳои дар ҷаласаи чордаҳуми Шӯрои машваратӣ қабулгардида ба рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ, ҷалби бештари сармоягузориҳо ба иқтисодиёти вилояти Хатлон ва тақвият бахшидани муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар минтақаҳо, соддаву осон намудани тартиби ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони корхонаҳои саноатӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ, ҳарчӣ зудтар ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягона» барои гирифтани иҷозати корҳои сохтмонӣ ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ равона шуда буданд.

Аз ҷумла Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта тасдиқ ва ҷиҳати идомаи ислоҳот дар ин самт аз ҷониби гуруҳи корӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» дар таҳрири нав бо назардошти талаботи меъёрҳои байналмилалии суғурта ва тавсияҳои коршиносони байналмилалии соҳа таҳия гардида, ба баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуд.

Бо мақсади рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ, Ҷамъияти саҳомии пушидаи “Биржаи фондии Осиёи Марказӣ” ба сифати биржаи фондӣ тавассути низоми “Равзанаи ягона” ба қайд гирифта шуда, айни замон масъалаҳои ташкили инфрасохтори биржа бо назардошти таъминоти он бо таҷҳизоти компютерии муосир ва барномаҳои байналмилалии автоматикунонии ҷараёни хариду фуруши қоғазҳои қиматнок ҳал шуда истодаанд.

Барои баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва мусоидат ба содироткунандагони маҳсулоти ватанӣ дар назди Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Бюрои миллии хизматрасонӣ ҷиҳати фаҳмондадиҳии талаботи техникии тиҷорат ва меъёрҳои санитарию фитосанитарӣ таъсис дода шуд, ки фаъолияти он ба расонидани кумак ҷиҳати дастрас намудани маълумот оид ба меъёрҳои танзими техникӣ, стандартҳо, расмиёти мувофиқнамоӣ ба талаботи санитарию фитосанитарӣ дар бозорҳои беруна равона карда шудааст.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шавкат Бобозода баромад намуда, ҷиҳати натиҷаҳои фаъолияти гуруҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ гузориш дод. Аз ҷумла дар ҷаласа ҳисоботи гурӯҳи корӣ бо тавсияҳои мушаххас ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ муаррифӣ карда шуд.

Оид ба масъалаи сеюми рузномаи ҷаласа Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодири Қосим лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» дар таҳрири навро барои баррасӣ пешниҳод намуд. Зикр карда шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат зимни мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорон аз 14 октябри соли 2014 ва ҳамзамон ҷиҳати бештар мусоид намудани фазои сармоягузорӣ ва мутобиқ намудани қонунгузории амалкунанда ба талаботи замони муосир таҳия гардидааст.

Нисбат ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа Котиби масъули Шӯро – Қодири Қосим маълумот дода, масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши энергетика ва таъмини мунтазами истеҳсолот бо қувваи барқро барои баррасӣ дар ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби ҳамаи аъзои Шӯро дастгирӣ ёфт.

Вобаста ба масъалаҳои дахлдори ҷаласа инчунин намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд Роҳбари Намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Тоҷикистон – Боб Леверингтон, Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон – Си. Си. Ю, Роҳбари Ассосиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон - Акбаров Фарҳод, Роҳбари ҶДММ Корхонаи саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой “Зарнисор” - Ян Чжи Сай, Роҳбари ҶДММ “Нафиса” – Муҳаммадиев Абдулло, Муассиси ҶДММ “Амирӣ” – Ғайбуллозода Абдураҳмон ва дигарон мулоҳизаҳои худро иброз намуданд.

Дар хотимаи ҷаласа суханронии ҷамъбастии Савазири Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуда, ба масъулин ва вазорату идораҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасигардида дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид