07-10-2015

Ҷаласаи навбатии Гуруҳи тадорукот оид ба таҳлили нахустин солгарди» Рӯзи соҳибкор» ва дар доираи он гузаронидани Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе- 2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор»

6 октябри соли равон дар толори хурди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаласаи навбатии Гуруҳи тадорукот оид ба таҳлили нахустин солгарди» Рӯзи соҳибкор» ва дар доираи он гузаронидани Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе- 2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қодири Қосим баргузор гардид.

Дар ҳаласа корҳои ба сомонрасондаи гуруҳ ва зергуруҳҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қайд карда шуд, ки умуман пешрафти корҳо дар ин самт мувофиқи матлабанд ва ҳаласаҳои навбатӣ ҳам бори дигар ба таври мушаххас муҳокима карда мешаванд. Дар ин маврид Раиси Кумита муҳтарам Қодири Қосим ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Зикр бояд кард, ки 14 октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе, дар Маҳмааи давлтии «Кохи Борбад» таҳти сарпарастӣ ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди уствор» дар доираи таҷлили «Рӯзи соҳибкор» баргузор мегардад.

Ҳадаф аз баргузории Форум муаррифӣ намудани имкониятҳои сармоягузории Тоҳикистон, навгониҳое, ки дар фазои сармоягузории мамлакат ба вуҳуд омадаанд, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақими тиҳоратию иқтисодӣ байни соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҳӣ, таҳкими ҳамкории дарозмуддат ва банақшагирии муштараки фаъолияти онҳо имконияти васеъ фароҳам хоҳад овард.

Дар Форум намояндагони Ҳукумат ва вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони воломақоми ҳукуматҳои кишварҳои ҳамшарик, соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҳӣ, ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ва ҳумҳуриявӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, намояндагиҳои дипломатӣ олимону коршиносони варзида, дар маҳмуъ зиёда аз ду ҳазор нафар иштирокчиён аз 35 мамолики олам иштирок менамоянд.

Пас аз маросими ифтитоҳи расмии Форум иштирокчиёни он аз Намоишгоҳи байналмилаии “Агрофуд-Тоҳикистон”, ки дар доираи таҳлили нахустин солгарди “Рузи соҳибкор” ташкил шуда буд, дидан мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дар арафаи баргузории Форуми мазкур аз ҳониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҳикистон як қатор чорабиниҳо, аз ҳумла 8 октябри соли ҳорӣ Мизи мудаввар оид ба рушди соҳибкорӣ байни занон, 12 октябр Форуми байналмилалӣ оид ба рушди соҳибкорӣ миёни ҳавонон, аз ҳониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҳикистон 9-10 октябр Анҳумани байналмиллалии иқтисодии «Иқтидори минтақаҳои озодӣ иқтисодӣ дар рушди минтақаҳо», аз ҳониби Кумитаи ҳавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҳикистон 10 октябр Конфронси минтақвии «Имкониятҳои туристии мамлакат», аз ҳониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҳтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҳикистон 7 октябр Мизи мудаввари «Саҳми бахши хусусӣ дар рушди соҳаи тандурустӣ» ва 8 октябр аз ҳониби Вазорати меҳнат, муҳоҳират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҳикистон Мизи мудаввар таҳти унвони «Саҳми бахши хусусӣ дар таъсиси ҳойҳои корӣ» доир карда шуданд.

Сипас, кори Форум дар толорҳои МД “Китобхонаи милли Тоҳикистон” дар бахшҳои алоҳида сурат мегирад.

Дар натиҳаи мулоқотҳои самараноки байни соҳибкорону сармоягузорон ва мақомоти давлатӣ як қатор санадҳои ҳамкорӣ дар доираи «Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе – 2015» ба имзо мерасанд.

Аз ҳумла, аз ҳониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҳикистон бо Кластери кимёвии Бавария, Ҷумҳурии Федеролии Олмон Оид ба ҳамкорӣ дар самти омӯзиш ва ташкили кластерҳо дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна дар ин бахшҳо, Ширкати “NORINCO International Cooperation Ltd.” Хитой оид ба ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои зеристгоҳи барқӣ ва хати интиқоли барқ ба ноҳияи Данғара, сохтмони пойгоҳи обкашӣ в соф намудани манбаи об дар шаҳрӣ Душанбе, сохтмони МБГ дар ноҳияи Рашт бо иқтидори 2x350МВт, истеҳсоли газ аз ангишт, бунёди роҳи оҳан бо Фонди сармоягузории «HUI-JIN» Хитой оид ба таъсиси корхонаи муштараки суѓуртаи сармоягузорӣ дар Тоҳикистон бо Корпоратсияи “Zhong Min Tou” Хитой оид ба ташкили корхонаи муштараки лизингӣ дар Тоҳикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо Гуруҳи саноатии «Эрон Худрав»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҶДММ «Гуруҳи тавсеаи иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҳикистон» оид ба фуруш, хизматрасонии пас аз фуруш ва истеҳсоли навъҳои мошинҳои сабукрав ва боркашонӣ дар Ҷумҳурии Тоҳикистон ба имзо расонида мешавад.

Ҳамчунин баимзорасии КВД «Ҷамаст» бо Ширкати «CESA Investment», Ҷумҳурии Федеролии Олмон оид ба бунёди корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ва истеҳсоли маҳсулот аз он, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҳикистон бо Намояндагии Гуруҳи ширкатҳои «Росгеоперспектива»-и Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологӣ ва мусоидати техникӣ ба мақомоти соҳавӣ, ҶДММ Фароз бо Ҷинекс - Англия оид ба Биржаи фондии байналмилалӣ, Маркази Тоҳикистону Россия бо “Кубанский модульный дом” оиди ба роҳ мондани истеҳсол ва сохтмони хонаҳои модулӣ дар Тоҳикистон ва ҶДММ «Панҳруд» бо Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҳикистону Хитой оид ба истеҳсоли конҳои моддии ҳамъбасткунӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти коркарди сангҳои мармари Кони Панҳруд дар назар аст.

Сипас маросими хотимавии Форум таҳти раёсати Қодири Қосим, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҳикистон идома ёфта, дар он роҳбарони бахшҳои алоҳидаи Форум оид ба натиҳаҳои баррасии мавзуъҳои бахшҳо гузориш медиҳанд.

Дар хотима иштирокчиён Изҳороти Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди уствор»-ро қабул менамоянд.


Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид