08-10-2015

Мизи мудаввар оид ба рушди соҳибкорӣ байни занон

8 октябри соли 2015 бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои меҳмонхонаи Хаят Реҷенси дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили нахустин солгарди «Рузи соҳибкор» ва дар доираи он гузаронидани Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» Мизи мудаввар оид ба рушди соҳибкорӣ байни занон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарон ва намояндагони як қатор мақомотe идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, доираҳои васеи соҳибкорӣ, аз ҷумлаи занони соҳибкори тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ва ВАО иштирок намуданд.

Чорабиниро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қодири Қосим ифтитоҳ намуда,қайд кард, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ, пеш аз ҳама, таъмин намудани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ дар байни занон, ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва шарикии тарафайн дар чунин соҳаҳо ба монанди кишоварзӣ, хизматрасонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва соҳаҳои саноати коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазиру ҷавобгўи стандартҳои байналмилалӣ, ки ба рушди имкониятҳои содиротии мамлакат равона карда шудааст, маҳсуб меёбад.

Муҳтарам Қодири Қосим, аз ҷумла тазаккур дод, ки рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ дар мамлакат ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатии аҳолӣ низ мусоидат намуда, дар натиҷа ин нишондиҳанда дар соли 2014 то 32% паст карда шуд. Ҳамаи ин комёбиҳо аз ҷумла тавассути саҳми арзандаи занони соҳибкор ба даст омадаанд.

Бояд зикр кард, ки дар давоми ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба 96 ташкилоти ҷамъиятии таҳти роҳбарии занон фаъолияткунанда ва 170 нафар бонуи соҳибкор ба маблағи 5 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.

Ҳамзамон, ҷиҳати дастгирии соҳибкории бонувон танҳо дар давоми панҷ соли охир аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба занони соҳибкор тақрибан дуюним миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.

Илова бар ин, бо мақсади боз ҳам васеътар намудани дастрасии соҳибкорон, аз ҷумла бонувони соҳибкор ба захираҳои қарзӣ, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» фаъолият менамояд, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо маблағгузорӣ карда шуда, дар тўли солҳои 2013-2014 аз ҷониби Фонд 103 лоиҳа ба маблағи 73 миллиону 408 ҳазор сомонӣ дастгирӣ ёфтааст, ки аз онҳо 10 лоиҳа ба занони соҳибкор рост меояд.

Инчунин дар соли 2015 аз ҳисоби буҷет давлатb 70 миллион сомонӣ барои дастгирии фаъолияти исте{солии соҳибкорон ба Фонди мазкур ҷудо гашта, дар ҳафт соли минбаъда маблағи он ба 1 миллиард сомонӣ расонида мешавад.

Ин ҳама нишонаи дастгирии соҳибкорзанон буда, аз таваҷҷуҳи доимии Ҳукумат ба онҳо дарак медиҳад.

Ҳамчунин, дар бахши ифтитоҳии мизи мудаввар Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар Тоҷикистон, Ричард Ҷонс баромад намуда, оид ба саҳми шарикони рушд дар дастгирии соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Дар анҷоми бахши ифтитоҳии мизи мудаввар як қатор соҳибкорзанон барои саҳми арзанда дар рушди бахши соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раҳматномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Бахши пленарии мизи мудаввар ба таҷрибаи муваффақ ва мушкилоти рушди соҳибкорӣ бахшида шуда, он аз тарафи Роҳбари намояндагии ташкилоти Оксфам дар Тоҷикистон, Боян Колунджия ифтитоҳ гардид. Дар рафти бахши мазкур коршиноси БАТР оид ба масъалаҳои гендерӣ - Тахмина Ҳакимова-Риз натиҷаҳои таҳлили «Таҷрибаи муваффақи барномаҳо оид ба дастгирии соҳибкории занон дар Тоҷикистон»-ро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Сипас, соҳибкорзанони бахшҳои гуногун ва минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ ба ҳозирин оид ба муваффақиятҳо ва мушкилоти худ ҳангоми оғоз ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ баён намуданд ва байни иштирокчиён оид ба масъалаҳои рушди соҳибкорӣ байни занон ва роҳҳои ҳаллу фасли онҳо табодули афкор сурат гирифт.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии соҳибкорзанон дар мизи мудаввар сабақҳои коршиносони варзида дар мавзуъҳои дастрасӣ ба замин, андозбандӣ, ҳуқуқи иҷтимоӣ, банақшагирии соҳибкорӣ, арзёбии иқтидори фурўши маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои ватанию хориҷӣ ва ҳавасмандгардонии мусбӣ пешкаш карда шуданд.

Инчунин дар хотимаи чорабинӣ ҷиҳати ба роҳ мондани робитаҳои тарафайни тиҷоратӣ бо иштироки соҳибкорзанони бахши кишоварзӣ вохуриҳои сатҳи В2В гузаронида шуданд, ки ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ миёни занон мусоидат менамоянд.


Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид