12-11-2015

Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №589 аз 25 сентябри соли 2015 тасдиқ карда шуд

Бо хушнудӣ ба маълумоти Шумо мерасонем, ки Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №589 аз 25 сентябри соли 2015 тасдиқ карда шуд.

Боиси ёдоварист, ки Нақшаи чорабиниҳои мазкур аз ҷониби Котиботи Шурои машваратӣ дар доираи фаъолияти гуруҳи кории байниидоравӣ ҷиҳати гузаронидани таҳлил ва таҳияи тавсияҳо оид ба рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ дар ҷумҳурӣ ки тибқи супориши протоколии ҷаласаи 12-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Бонки миллӣ таъсис ёфта буд, таҳия шудааст.

Гуруҳи кории мазкур фаъолияти пурсамар намуда, вазъи кунунӣ ва мушкилоти асосии рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ, аз ҷумла ихтилофоти қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти бозори коғазҳои қиматнок, андозбандии суди коғазҳои қиматнок, таъсиси феҳристи ягонаи электронии бақайдгирии коғазҳои қиматнок ва ғайраро мавриди омузиш ва таҳлил қарор дод.

Ҳисоботи гуруҳи корӣ ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаласаи 14-уми Шӯрои машваратӣ аз 17 ноябри соли 2015 пешниҳод гардиданд.

Тибқи супориши протоколии ҷаласаи мазкур ва бо дарназардошти таклифу пешниҳодоти дар ҷаласа иброзшуда, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо такмил дода шуда, ба баррасии Ҳукумати кишвар манзур карда шуд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар нақшаи чорабиниҳои қайдгардида таклифу пешниҳодоти бахшҳои давлатию хусусӣ ва шарикони рушд пурра ба инобат гирифта шудаанд ва итминон карда мешавад, ки татбиқи босамари он ба рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ таъсири назаррас хоҳад расонд.





Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид