12-10-2015

ФОРУМИ СОҲИБКОРИИ ҶАВОНОН 2015

12 октябри соли 2015 бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ дар доираи Ҳафтаи миллии соҳибкории аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон эълоншуда дар бинои меҳмонхонаи Хаят Реҷенси дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкории ҷавонон-2015 баргузор гардид.

Чорабинии мазкур ба баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ оид ба аҳамияти фаъолияти соҳибкорӣ барои ташкили ҷойҳои корӣ ва таъмини афзоиши иқтисодӣ, аз ҷумла табодули афкор дар робита бо соҳибкорӣ дар Тоҷикистон равона шуда буд.

Дар форум соҳибкорони ҷавон, намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон, намояндагони ширкатҳои хусусӣ, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамшарикони рушд, коршиносони Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ ва иштирокчиён аз Ҷумҳурии Словакия, ки ба чорабинӣ дар доираи ташаббуси Гуруҳи бонки ҷаҳонӣ оид ба табодули афкор даъват шуда буданд, иштирок варзиданд.

Форумро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоикистон Қодири Қосим оғоз намуда, ҳозиринро хайра мақдам намуд, оид ба дастгирии соҳибкорӣ, бахусус соҳибкорӣ байни ҷавонон суханронӣ намуд. Дар чоранибинӣ инчунин Аҳтам Абдулозода, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва туризми назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон ва Патрисия Виверс-Катер, Намояндаи доимии Гуруҳи бонки ҷањонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намудаанд.

Дар чорабинӣ коршиносони хориҷӣ ва маҳаллӣ иштирокчиёнро бо мафҳумҳои асосии соҳибкорӣ ошно намуданд, оиди ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ташкил намуда онро идора кард, чӣ тавр бояд қарорҳои соҳибкориро қабул намуд ва имкониятҳои нави соҳибкориро пайдо кард. Намояндагони ширкатҳои хусусӣ аз Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия дар бораи таҷрибаи ташкилёбии фаъолияти соҳибкорӣ сухан ронда бо ҷавонони соҳибкор роҳҳои самарабахши пешбурди соҳибкориро дар сатҳи инфиродӣ ва ширкат мунозира намуданд. Ҷаласаи махсус, ки дар якҷоягӣ бо Котиботи Шӯрои Машваратӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Словакия гузаронида шуд, ба тадбирҳои сиёсат, ки барои мусоидат ба фаъолияти соҳибкорӣ дар байни ҷавонон заруранд, аз ҷумла роҳҳои барқарор намудани норасоӣ дар малака тавассути алоқаманд намудани бахши хусусӣ бо муассисаи таълимӣ, диққати иштирокчиёнро равона сохт.

Иштирокчиён имкониятҳои таҳсилро дар соҳаи бизнес ва соҳибкорӣ, ки аз ҷониби ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии маҳаллӣ ва хориҷӣ, шарикони рушд, иттиҳодҳои маҳаллӣ ва ширкатҳо пешниҳод шудаанд, баррасӣ намуданд. Он маҳсули ташкилотҳои зикршуда дар намоишгоҳи махсус дар доираи форум муаррифӣ шуданд. Пас аз форум рӯзи 13 октябр барои ширкату корхонаҳои навтаъсис, ки мехоҳанд бо соҳибкорони муваффақ аз Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия машварат намоянд, мастер-класс баргузор мегардад.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид