29-01-2016

Мизи мудаввар дар мавзуи «Нақши шуроҳои маҳаллӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар таҳкими рушди иқтисодӣ»

Имрӯз, дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон Мизи мудаввар дар мавзуи «Нақши шуроҳои маҳаллӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар таҳкими рушди иқтисодӣ» баргузор гардид.

Чорабиниро муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, Лочин Файзуллозода зикр кард, ки таъсис додан ва баланд бардоштани иқтидори институтсионалии шуроҳои навтаъсис ва таъсисшаванда оид ба муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи маҳаллӣ, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Шӯрои машваратӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ба шумор меравад. Тавре қайд карда шуд, мақомоти масъул ва соҳибкорон талошварзиҳои худро дар самти бартараф кардани ҳар як монеа дар фаъолияти соҳибкорӣ, таъсис додани ҳар як ҷойи корӣ дар кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ метавонанд ҳамчун дастоварди муҳим дар амалӣ намудани сиёсати иқтисодии мамлакат арзёбӣ намоянд. Вобаста ба ин қайд шуд, ки тақвият бахшидани фаъолияти Шуроҳои машваратӣ, ҳамчун механизми асосии амалисозии майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ муҳим мебошад.

Дар чорабинӣ ҳамчунин бо сухани ифтитоҳӣ и.в Роҳбари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Ғулом Исакзай баромад карда, ёдовар шуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳаҳо барои дастгирии сохторҳои муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи маҳаллӣ корҳои муайянеро амалӣ намуда истодааст.

Сипас, Роҳбари Котиботи Шӯро Нуъмон Абдуғаффорзода дар мавзуи “Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамчун омили муколамаи байни давлат ва бахши хусусӣ” ва нақши Шуро дар таъсис ва таҳкими фаъолияти шуроҳои маҳаллӣ муаррифнома манзур намуда қайд кард, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ муаррифии натиҷаҳои корҳои амалигардида дар доираи иҷрои қарори Протоколи ҷаласаи 14-уми Шӯро аз 17 ноябри соли 2014 ҷиҳати таъсиси шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар назди раисони шаҳру ноҳияҳо ва фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои фаъоляти бомароми онҳо иборат мебошад.

Дар муаррифӣ оид ба таҷрибаи Шӯрои машваратӣ, ислоҳотҳои дар доираи Шӯро гузаронидашуда, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти шуроҳои маҳаллӣ ибрози назар карда шуд.

Дар рафти мизи мудаввар иштирокчиёни он, аз ҷумла Раиси Ассотсиатсияи агробизнеси Тоҷикистон - Шорауф Шораҳматов, Мутахассиси калон оид ба рушди иқтисодии Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид - Манучеҳр Раҳмонов, Роҳбари Ассосиатсияи соҳибкории хурду миёна - Матлуба Улҷабоева, Котиби Шуро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар вилояти Хатлон - Зафар Ализода, Котиби Шуро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар водии Рашт - Зафар Ҳисориев, Котиби Шуро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар шаҳри Исфара - Ибодулло Фатоев ва дигарон баромад намуда, фикру андешаҳои худро иброз намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки ҷиҳати рушди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи маҳаллӣ имрузҳо дар зиёда аз 30 шаҳру ноҳияҳои мамлакат шуроҳои маҳаллӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ таъсис ва фаъолият намуда истодаанд.

Дар ин робита, Котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва дастгирии шарикони рушд, аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи Барномаи рушди СММ чорабиниҳои заруриро амалӣ намуд. Вобаста ба таъсиси шуроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори институтсионалии шуроҳои амалкунанда дар 9 минтақа ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилоятҳои Хатлону Суғд, водии Рашт, шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент, Исфара, ноҳияҳои Ҷиликӯл, Шаҳритуз, Восеъ, Фархор ва Темурмалик ва Айнӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

Дар идомаи ин раванд дар шаҳри Душанбе рузҳои 21- 24 декабри соли 2015 таҳти унвони “Таҳким бахшидани иқтидори кории кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва котибони шуроҳои машваратӣ ҷиҳати беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ”омузиш баргузор гардид, ки дар он 24 нафар иштирокчиён аз шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд, водии Рашт фаро гирифта шуданд. Мақсади асосии омӯзиш аз баланд бардоштани таҷриба, донишу малакаи намояндагони бахши хусусӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарони котибони Шурои машваратии минтақаҳои ҷумҳурӣ, ки дар раванди Муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ва таҳкими он нақши калидӣ доранд, иборат буд.

Дар хотимаи мизи мудаввар изҳори итминон карда шуд, ки Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши хусусӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати татбиқи ташаббускориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳсозии фазои сармоягузориву соҳибкорӣ саҳми назаррас хоҳанд гузошт. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид