08-02-2016

Мулоқоти “бидуни галстук”-и раиси шаҳри Исфара бо соҳибкорон

Муколамаи озоди шаҳрдори Исфара Дилшод Расулзода бо соҳибкорони ватанӣ ва суҳбати онлайнии ӯ бо соҳибкорони бурунмарзӣ муассир ва пайоварди он мусбату чорасоз буд.
Мулоқоти раиси шаҳри Исфара бо наздики 80 нафар соҳибкори муваффақи шаҳр ва даҳҳо нафар соҳибкорони бурунмарзии зодаи Исфарамарз 3 феврал дар маҷмааи «Ҷаҳони нав» ғайрианъанавӣ ва аз доираи расмият берун (ба таъбире “бидуни галстук”) дар фазои озод сурат гирифт.

Тавре ки шаҳрдори Исфара изҳор дошт, тадбири мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба роҳандозии муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ рӯйи кор омада, ҳадафи асосӣ муайяннамоии мушкилот ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ барои бартараф сохтани монеаҳои рушди соҳибкорӣ, дарёфти роҳҳои таъмини пешрафти соҳа, хосса соҳибкории истеҳсолӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва тавсеаи имконияти ҳамкорӣ, рӯи кор овардани лоиҳаҳои мушаххас дар бахшҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара маҳсуб мешавад.

Дар раванди мулоқот соҳибкорон имконият доштанд, ки оид ба муаммову мушкилоти мавҷуда ва муҳтавои нақшаву ниятҳои созандаю бунёдкоронаи тарҳрезинамудаи худ дар алоҳидагӣ ва мустақиман бо раиси шаҳр суҳбат намоянд.

Суҳбати шаҳрдори Исфара бо соҳибкорони бурунмарзии зодаи Исфарамарз- Насридин Неъматов аз шаҳри Маскави Федератсияи Русия, Инъомидин Сайфиддинов аз Қазоқистон, Давронҷон Ғафуров аз Норвегия, Мирзоҳайдар Исоев аз Гвинеяи Нав, Муртазо Назаров аз Шветсия, ки аз тариқи онлайнӣ сурат гирифт, таваҷҷуҳангез ва муассир сурат гирифт.
Мусоҳибони Дилшод Расулзода ва даҳҳо нафар соҳибкорони дигари дар хориҷи кишварбуда, ки дар хатти алоқаи онлайнӣ ҳузур ва рафти мулоқотро тамошо доштанд, ҳамзамон бо пешниҳоди таклифу пешниҳодоти чорасоз, омодагии хешро барои саҳмгузорӣ дар рушду ободонии Исфара тавассути амалисохти лоиҳаҳои дорои мушаххаси муҳимияти иқтисодиву иҷтимоии тарҳрезинамудаи худ баён намуданд.

Таклифу пешниҳоди соҳибкорон, аз ҷумла Насридин Неъматов аз шаҳри Маскави Федератсияи Русия бобати таъсиси маҳфили омӯзишии тиҷоратӣ (бизнес -инкубатор) ва телефони боварӣ бо номи рамзии “Шуморо гӯш мекунам, муҳоҷир!” ва дигар мусоҳибон бобати бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, ки ба инкишофи соҳибкорӣ ва ҳам густариши муколамаи озоди байни намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва муҳоҷирин мусоидат хоҳад кард, аз ҷониби раиси шаҳри Исфара пазируфта шуд.
Дар раванди мулоқот байни иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар шахси раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ва соҳибкорони инфиродӣ 3 ёддошти тафоҳуми ҳамдигарӣ барои ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар асоси ёддоштҳо соҳибкорони инфиродӣ дар давоми ду соли оянда аз ҳисоби маблағҳои худӣ якчанд иншоот, аз ҷумла Идрисхӯҷа Ваҳҳобов корхонаи ордбарориро бо арзиши лоиҳавии 1,5 миллион сомонӣ, Акмал Шокиров 4 маркази хизматрасониро бо маблағи 400 ҳазор сомонӣ ва Фаридун Икромов бо маблағи умумии 1 млн. 700 ҳазор сомонӣ хонаҳои истиқоматии замонавӣ бунёд хоҳанд кард.

Сарчашма: АМИТ «Ховар»

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид