16-02-2016

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» дар таҳрири нав аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид

Санаи 8-уми феврали соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» дар таҳрири нав қабул карда шуд.

Хотиррасон менамоем, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат зимни мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорон аз 14 октябри соли 2014 ва инчунин мутобиқ намудани қонунгузории амалкунанда ба талаботи замони муосир таҳия гардидааст.

Лоиҳаи қонун дар ҷаласаи 15-уми Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 17 августи соли 2015 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тибқи банди 9 супориши протоколии ҷаласаи 15-уми Шӯрои машваратӣ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ” мукаммал намуда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намуданд.

Тибқи он бо мақсади беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ҳарчӣ бештари сармояи мустақими хориҷӣ ба хоҷагии халқ маҳфум ва муқаррароти нав, аз ҷумла баҳсҳои сармоягузорӣ, шаклҳои амалисозии сармоягузориҳои хориҷӣ, принсипи “Равзанаи ягона” барои сармоягузорон, кафолати баробарҳуқуқии сармоягузор, дахолат накардани мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба фаъолияти сармоягузорӣ, кафолатҳои иловагӣ ва ҳимояи сармоягузор, ҷалби мутахассисони хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар масъалаҳо пешбинӣ шудаанд, ки ҳолатҳои мазкур дар қонуни амалкунанда ба таври кофӣ мавҷуд нестанд.

Яке аз принсипҳои асосии лоиҳаи қонуни нав ҷорӣ намудани низоми “Равзанаи ягона” барои сармоягузорон буда, он масъалаҳои беҳтар намудани ҳамоҳангсозии фаъолияти сармоягузорӣ дар кишвар тавассути дастгирии иттилоотӣ, техникӣ ва вокуниши саривақтӣ ба дархостҳои сармоягузорон, инчунин ҳаллу фасли масъалаҳои маъмурии онҳоро дар пешбурди фаъолияти сармоягузорӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти соҳавӣ ва маҳаллӣ дар бар мегирад.

Итминон карда мешавад, ки татбиқи босамари Қонуни қабулшуда ба ҷалби ҳарчӣ бештари сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат, воридоти технологияҳои пешқадам ҷиҳати коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, муосирнамоӣ, баланд бардоштани нерӯи истеҳсолӣ ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид