22-02-2016

Мулоқоти Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони вилояти Хатлон

19 феврали соли 2016 Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид бо соҳибкорони вилояти Хатлон мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот Муовини якуми Сарвазири мамлакат оид ба аҳамияти фаъолияти соҳибкорӣ ва дар меҳвари сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштани рушди ин самти барои иқтисодиёти кишвар муҳим ибрози назар намуд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки бо дарназардошти саҳми назарраси соҳибкорони мамлакат дар корҳои ободонӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ, бо ташаббуси Сарвари давлат 14 октябр ҳамчун Рўзи соҳибкорон эълон гардида, баргузории мулоқоти мунтазами Президенти мамлакат бо соҳибкорону сармоягузорон ба ҳукми анъана даромадааст.

Тавре қайд гардид, дар доири ҳидоятҳои Президенти мамлакат ва тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорӣ, таҳкими бахши хусусӣ тавассути фароҳам овардани шароитҳои мусоиди тиҷорат, татбиқи самараноки барномаҳои давлатии дастгирии соҳибкорӣ, рушди муколама ва шарикии давлат ва бахши хусусӣ корҳо мунтазам вусъат ёфта истодаанд.

Бо иқдоми Сарвари давлат, дар доираи сафарҳои корӣ ба хориҷи кишвар бо соҳибкорони ватании муқими ин кишварҳо мунтазам мулоқотҳо баргузор мегардад, ки ба ҳамкориҳои байни соҳибкорону сарамоягузорони ватанию хориҷӣ такони ҷиддӣ бахшида истодааст.

Ҳамзамон, бо мақсади рушди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ Шурои машваратии назди Президенти мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, шуроҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ фаъолият мекунанд, ки дар доираи онҳо масъалаҳои мубрами рушди соҳибкориву сармоягузорӣ мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор мегиранд.

Қайд карда шуд, ки дар ин раванд, ҷоннок намудани фаъолияти Шурои машваратии вилояти Хатлон барои рушди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ва сари вақт бартараф намудани монеаҳои рушди соҳибкорӣ мусоидат хоҳад намуд.

Дар доираи тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Муовини якуми Сарвазир оид ба имтиёзҳои умумии андозӣ, воридоти техникаи таъиноти кишоварзӣ, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснуоти такмилии онҳо, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд, корхонаҳои навтаъсисе, ки бо коркарди пурраи нахи пахта ва маҳсулоти ниҳоӣ машғул мебошанд, хоҷагиҳои паррандапарварӣ, корхонаҳои истеҳсолкунандаи хўроки омехтаи парранда ва чорво, ки тибқи маблағҳои ба фонди оинномавии онҳо воридгардида, ба мўҳлати 12 сол аз пардохти андозҳои пешбинишуда озод мебошанд, тағйироти зарурӣ ба Кодекси андоз ҷиҳати зиёд намудани маблағи ҳадди ақали гардиши молиявии корхонаҳои тибқи низоми соддакардашудаи андоз фаъолияткунанда аз 500 ҳазор сомонӣ то 1 миллион сомонӣ зиёд карда шуда, табдил додани андоз аз фурўши нахи пахта ба боҷи содиротӣ, ки дар назар дошта шудаанд, тазаккур дода, ҳамчунин қайд кард, ки ҷиҳати вусъатбахшӣ ба механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соли 2015 корҳои муайян анҷом ёфта, лоиҳаҳои имконпазир ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва пешниҳод шудаанд.

Қайд гардид, ки дар маҷмуъ натиҷаҳои ислоҳот ва тадбирҳои андешидашуда барои мунтазам зиёд шудани саҳми соҳибкорон дар иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла дар соли 2015 пардохтҳои андозҳо ба буҷети давлатӣ 78 фоиз, Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ 65 фоиз ва таъмини аҳолии фаъоли иқтисодӣ бо ҷои кор 63,8 фоизро ташкил намуд.

То 31 декабри соли 2015 дар миқёси ҷумҳурӣ 275 653 адад субъекти соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2014, 32 380 адад ва/ё 11,7 фоиз зиёд мебошад.

Аз ин шумора 87 244 субъект ба вилояти Хатлон рост меояд, ки нисбат ба соли 2014, 9,6 фоиз зиёд аст.

Дар баромад оид ба масъалаҳои дастгирии молиявии фаъолияти соҳибкорӣ,додани қарзҳо, сармоягузорӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Аз ҷумла қайд шуд, ки бо мақсади дастгирии молиявии субъектҳои соҳибкорӣ аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи 11 млрд. 216 млн. сомонӣ қарз ҷудо карда шудааст, ки ин нишондиҳанда 12,3 фоиз нисбат ба соли 2014-ум зиёд мебошад.Аз ин ҳисоб, ба вилояти Хатлон 1 миллиарду 529 миллиону 762 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо карда шудааст.

Ба Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2015 аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 70,0 млн сомонӣ ҷудо гашта, ба 21 субъектҳои соҳибкорӣ дар ҳаҷми 36,2 млн. сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд. Инчунин ҷудо намудани 120 млн. сомонӣ дар соли 2016 ба нақша гирифта шудааст.

Аз лоиҳаҳои дастгиринамудаи Фонд аз оғози фаъолият, 51 лоиҳа ба маблағи 34 миллиону 658 ҳазор сомонӣ ба вилояти Хатлон рост меояд.

Дар даврони Истиқлолият аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.

Имрўзҳо дар вилояти Хатлон 26 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо 250 млн. доллари ИМА аз худ карда шудааст.

Воридоти сармоягузории хориҷӣ ба вилояти Хатлон дар солҳои 2010- 2015, 429,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки аз онҳо 385,7 млн. долл. ИМА сармоягузориҳои мустақим ва 43,3 млн. долл. ИМА-ро қарзҳои аз ҷониби корхонаву ташкилотҳо ҷалбгардида ташкил медиҳанд.

Дар соли 2015, воридоти сармоягузории хориҷӣ 203,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 95,1 млн. доллари ИМА зиёд шудаааст.

Муовини якуми Сарвазири ҷумҳурӣ муҳтарам Давлаталӣ Саид дар фароварди баромади худ изҳори итминон намуд, ки намояндагони бахши хусусӣ, соҳибкорони бонангу номуси Ватанамон дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакатро сидқан дарк намуда, барои рушди истеҳсолоти ватанӣ, истеҳсоли ҳарчӣ бештари маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти рақобатпазир саҳми назаррас хоҳанд дошт.

Дар рафти мулоқот соҳибкорони вилоят фикру андешаҳои худро баён намуда,ҳамчунин муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суолҳои матраҳнамудаи соҳибкорон посухҳои мушаххас дод.

Дар мулоқот Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қодири Қосим, Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода, роҳбарияти Котиботи Шурои машваратии назди Президенти мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии Тоҷикстандарт, Хадамоти гумрук ва намояндагони дигар вазорату идораҳо иштирок намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид