29-02-2016

Мулоқоти Муовини якуми Сарвазир бо соҳибкорони вилояти Суғд

26 феврали соли 2016 Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар шаҳри Хуҷанд бо соҳибкорони вилояти Суғд мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот Муовини якуми Сарвазир оид ба ибтикору дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорӣ, таҳкими бахши хусусӣ тавассути фароҳам овардани шароитҳои мусоиди тиҷорат, татбиқи самараноки барномаҳои давлатии дастгирии соҳибкорӣ, рушди муколама ва шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва вобаста ба он амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар ин самтҳои стратегӣ аҳамияти фаъолияти соҳибкорӣ ва дар меҳвари сиёсати созандаи Сарвари давлат қарор доштани рушди ин самти барои иқтисодиёти кишвар муҳим ибрози назар намуд.

Дар ин робита қайд карда шуд, ки ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорӣ, таҳкими бахши хусусӣ тавассути фароҳам овардани заминаҳои мусоид, татбиқи самараноки барномаҳои давлатии дастгирии соҳибкорӣ, рушди муколама ва шарикии давлат ва бахши хусусӣ корҳо мунтазам вусъат ёфта истодаанд.

Дар доираи мусоидат ба рушди соҳибкорӣ, Муовини якуми Сарвазир оид ба як қатор имтиёзҳо ва ҳавасмандкуниҳо барои соҳибкорон, аз ҷумла, дар баробари имтиёзҳои умумии андозӣ, озод кардани воридоти техникаи таъиноти кишоварзӣ, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснуоти такмилии онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ, тибқи маблағҳои ба фонди оинномавии воридгардида ба мўҳлати 12 сол аз пардохти андозҳои пешбинишуда озод кардани корхонаҳои навтаъсиси бо коркарди пурраи нахи пахта ва маҳсулоти ниҳоӣ машғулбуда ва хоҷагиҳои паррандапарварӣ, корхонаҳои истеҳсолкунандаи хўроки омехтаи парранда ва чорво тазаккур дода шуд. Ҷиҳати вусъатбахшӣ ба механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соли 2015 корҳои муайян анҷом ёфта, лоиҳаҳои имконпазир ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва пешниҳод шудаанд.

Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки тағйироти зарурӣ ба Кодекси андоз ҷиҳати зиёд намудани маблағи ҳадди ақали гардиши молиявии корхонаҳои тибқи низоми соддакардашудаи андоз фаъолияткунанда аз 500 ҳазор сомонӣ то 1 миллион сомонӣ зиёд карда шуда, табдил додани андоз аз фурўши нахи пахта ба боҷи содиротӣ дар назар аст.

Сипас, Муовини якуми Сарвазир оид ба нишондиҳандаҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар вилояти Суғд ибрози назар кард.

Тавре қайд шуд, ба ҳолати 31 декабри соли 2015 дар миқёси ҷумҳурӣ 275 653 субъекти соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 32 380 субъект ва ё 11,7 фоиз зиёд мебошад.Аз ин шумора 97 621 субъект ба вилояти Суғд рост меояд, ки нисбат ба соли 2014, 22,2 фоиз зиёд аст.

Бо мақсади дастгирии молиявии субъектҳои соҳибкорӣ аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарздӣ ба маблағи 11 млрд. 216 млн. сомонӣ қарз ҷудо карда шудааст, ки ин нишондиҳанда 12,3 фоиз нисбат ба соли 2014-ум зиёд мебошад.Аз ин ҳисоб, ба вилояти Суғд 2 миллиарду 721 миллиону 590 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо карда шудааст.

Ба Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2015 аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 70,0 млн сомонӣ ҷудо гашта, ба 21 субъектҳои соҳибкорӣ дар ҳаҷми 36,2 млн. сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд. Инчунин ҷудо намудани 120 млн. сомонӣ дар соли 2016 ба нақша гирифта шудааст. Аз лоиҳаҳои дастгиринамудаи Фонд аз оғози фаъолият, 17 лоиҳа ба маблағи 13 миллиону 242 ҳазор сомонӣ ба вилояти Суғд рост меояд.

Дар даврони Истиқлолият аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.Имрўзҳо дар вилояти Суғд 19 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо 159,14 млн. доллари ИМА азхуд карда шудааст.

Воридоти сармоягузории хориҷӣ ба ҷумҳурӣ дар соли 2015-ум 977,8 миллион доллари ИМА ро ташкил намуда, аз он 470,9 млн. доллари ИМА сармоягузориҳои мустақим ва 506,9 млн. доллари ИМА-ро дигар намуди сармоягузориҳо ташкил медиҳанд. Бояд қайд намуд, ки воридоти сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 93,5 млн. доллари ИМА зиёд шудааст. Аз ин ҳисоб ба вилояти Суғд 147,9 млн доллари ИМА рост меояд.

Муовини якуми Сарвазир, Д.Саид дар фароварди баромади худ изҳори итминон намуд, ки намояндагони бахши хусусӣ, соҳибкорони бонангу номуси Ватанамон, бахусус соҳибкорони вилояти Суғд дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакатро сидқан дарк намуда, барои рушди истеҳсолоти ватанӣ, истеҳсоли ҳарчӣ бештари маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти рақобатпазир саҳми назаррас хоҳанд дошт.

Дар рафти мулоқот соҳибкорони вилоят фикру андешаҳои худро баён намуда, ҳамчунин муовини якуми Сарвазири ҶТ ба суолҳои матраҳнамудаи соҳибкорон посухҳои мушаххас дод.

Дар мулоқот Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қодири Қосим, Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нусратулло Давлатзода, роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии Тоҷикстандарт, Хадамоти гумрук ва намояндагони дигар вазорату идораҳо иштирок намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид