14-03-2016

Бизнес-форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон

Санаи 11 марти соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Бизнес-форуми доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваТуркманистон баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузор намудани чорабиниимазкур, муаррфиии имкониятҳои ҷонибҳо ҷиҳати рушди ҳамкорииҳо дарсамтҳои сармоягузориву соҳикборӣ байни ҳарду ҷумҳуриҳо ва таҳкими инҳамкориҳо маҳсуб меёбад.

Дар кори форум, беш аз 100 нафар соҳибкор аз ду кишвар иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатииҶумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим кори форумро ҳусни оғоз бахшида,иштирокдорони бизнес-форумро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонхайрамақдам гуфт ва афзуд, ки дар шароити кунунӣ муносибатҳоиҶумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон, ки дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ваиҷтимоию фарҳангӣ асос меёбад, ботадриҷ равнақ меёбанд.

Муҳтарам Қодири Қосим омодагии ҷониби Тоҷикистнро барои татбиқимуштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самтҳои мухталифи иқтисодиётиброз дошта, соҳибкорону сармоягузоронро барои ҳамкориҳои фаъолдаъват намуд.

Дар идомаи чорабинӣ намояндагони ҳарду ҷониб баромадумулоҳизарониҳо намуда, мулоқоти дуҷонибаи соҳибкоронусармоягузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон дар формати В2Вдоир гардид.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид