14-03-2016

Мулоқот бо соҳибкорони шаҳрҳои Роғуну Ваҳдат ва ноҳияҳои Файзободу Варзоб

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид зимни мулоқот бо соҳибкорони шаҳрҳои Роғуну Ваҳдат ва ноҳияҳои Файзободу Варзоб қайд намуд, ки бо ибтикору дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор намудани вохўриву мулоқотҳо бо соҳибкорону сармоягузорон ба ҳукми анъана даромада, дар ин замина, сатҳи муколамаи давлату бахши хусусӣ ба дараҷаи сифатан нав бароварда мешаванд.

Дар муносибат ба Фарорасии фасли баҳор, оғози кишту кор, ҷашнҳои Рўзи Модар ва Наврузи хуҷастапай муҳтарам Давлаталӣ Саид ба аҳли нишаст ва тамоми мардуми заҳматкаши шаҳрҳои Ваҳдату Роғун, ноҳияҳои Файзобод ва Варзоб табрик арз карда, барору комёбиҳо таманно намуд.

Сипас, фаъолияти соҳибкорӣ, раванди ислоҳот дар самтҳои гуногуни соҳибкорию сармоягузорӣ, таҳкими муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ҳамаҷониба таҳлил карда шуд.

Тавре қайд гардид, аз шумораи умумии субъекти соҳибкории фаъолияткунанда дар миқёси ҷумҳурӣ 275 653 субъекти соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 32 380 субъект ва ё 11,7 фоиз зиёд мебошад.

Аз ҷумла дар шаҳри Ваҳдат 10 929 субъект, ки нисбат ба соли 2014, 10,9 фоиз зиёд аст, ноҳияи Файзобод 3 670 субъект, нисбат ба соли 2014, 6,6 фоиз зиёд, шаҳри Роғун 1 309 субъект нисбат ба соли 2014, 3,7 фоиз зиёд, ноҳияи Варзоб 1 268 субъект нисбат ба соли 2014, 8,5 фоиз зиёд фаъолият доранд.

Бо мақсади дастгирии молиявии субъектҳои соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ ба маблағи 11 млрд. 216 млн. сомонӣ қарз ҷудо карда шудааст, ки ин нишондиҳанда 12,3 фоиз нисбат ба соли 2014-ум зиёд мебошад.

Аз ин ҳисоб ба шаҳри Ваҳдат 140 миллиону 959,9 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Файзобод 33 миллиону 220,2 ҳазор сомонӣ, шаҳри Роғун 7 миллиону 332,5 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Варзоб 33 миллиону 742,7 ҳазор сомонӣ қарзҳо ҷудо карда шудааст.

Ба Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2015 аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 70,0 млн сомонӣ ҷудо гашта, ба 21 субъектҳои соҳибкорӣ дар ҳаҷми 36,2 млн. сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд. Инчунин ҷудо намудани 120 млн. сомонӣ дар соли 2016 ба нақша гирифта шудааст.

Аз лоиҳаҳои дастгиринамудаи Фонд, 4 лоиҳа ба маблағи 2 миллиону 960 ҳазор сомонӣ ба шаҳри Ваҳдат, 2 лоиҳа маблағи 600 ҳазор сомонӣ ба ноҳияи Файзобод ва 2 лоиҳа ба маблағи 900 ҳазор сомонӣ ба ноҳияи Варзоб рост меоянд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид