14-03-2016

Мулоқот бо соҳибкорони водии Рашт

Дар ноҳияи Нуробод санаи 3 март мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, муҳтарам Қодири Қосим бо соҳибкорони ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Тавилдара ва Ҷиргатол доир гардид. Нахуст муҳтарам Қодири Қосим оид ба мунтазам фароҳам оварда шудани шароити таҳкими муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ҷиҳати таъмини рушди соҳибкорӣ дар мамлакат, ки аз ташаббускориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, ибрози назар намуд.

Ҳамчунин, дар баромади худ муҳтарам Қодири Қосим роҷеъ ба натиҷаҳои ислоҳоти амалигардида, равандҳои дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла минтақаи Рашт ва натиҷаи бадастовардаи онҳо, таҳкими муколамаи байни давлат ва бахши хусусӣ ва дигар паҳлуҳои масъалаҳои соҳибкорӣ мулоҳизаронӣ намуд.

Оид ба фаъолияти соҳибкории минтақа ва корҳои амалигардида дар ин самт қайд гардид, ки аз шумораи умумии субъектҳои фаъолияти соҳибкории ҷумҳурӣ 964 субъект ба ноҳияи Нуробод, ки нисбат ба соли 2014 2,0 фоиз зиёд аст, 3 005 субъект ба ноҳияи Рашт нисбат ба соли 2014 16,6 фоиз зиёд, 1 076 субъект ба ноҳияи Тоҷикобод нисбат ба соли 2014 29,2 фоиз зиёд, 1 887 субъект ба ноҳияи Ҷиргатол, ки нисбат ба соли 2014, 11,5 фоиз зиёд, 613 субъект ба ноҳияи Тавилдара, ки нисбат ба соли 2014, 12,2 фоиз зиёд аст, рост меояд,

Бо мақсади дастгирии молиявии субъектҳои соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ ба ноҳияи Нуробод 5 миллиону 784 ҳазор сомонӣ, ба ноҳияи Рашт 25 миллиону 557,7 ҳазор сомонӣ, ба ноҳияи Тоҷикобод 7 миллиону 740,9 ҳазор сомонӣ, ба ноҳияи Ҷиргатол 10 миллиону 439,4 ҳазор сомонӣ, ба ноҳияи Тавилдара 4 миллиону 871,2 ҳазор сомонӣ қарзҳо ҷудо карда шудааст.

Аз лоиҳаҳои дастгиринамудаи Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2015 аз ҳисоби Буҷети давлатӣ, 3 лоиҳа ба маблағи 1 миллиону 550 ҳазор сомонӣ ба ноҳияи Нуробод, 2 лоиҳа ба маблағи 840 ҳазор сомонӣ ба ноҳияи Тоҷикобод ва 1 лоиҳа ба маблағи 125 ҳазор сомонӣ ба ноҳияи Тавилдара рост меоянд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид