14-03-2016

Баргузор гардидани Конфронс дар мавзуи «Васеъ намудани имкониятҳои маблағгузории соҳибкории хурду миёна тавассути рушди инфрасохтори молиявӣ»

Санаи 10 марти соли 2016 бо дастгирии шарикони Конфронс дар мавзуи «Васеъ намудани имкониятҳои маблағгузории соҳибкории хурду миёна тавассути рушди инфрасохтори молиявӣ» доир гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идори амволи давлатӣ, Бонки миллӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Патрисиа Виверс-Картер ифтитоҳ намуда, сипас бо сухани ифтитоҳӣ муовини Раиси Кумитаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идори амволи давлатӣ, Нигина Анварӣ ва муовини Раиси Бонки миллӣ, Лола Салимова баромад намуданд.

Қайд гардид, ки бо дастгирии шарикони рушд бо мақсади рушди инфрасохтори молиявӣ, аз ҷумла ташкили низоми мубодилаи иттилооти қарзӣ, амалиётҳо бо гарави амволи манқул, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ корҳои назаррас анҷом дода шудааст. Ҳамзамон, ҷиҳати устувор намудани натиҷаҳои бадастомада ва васеъ намудани иштирокчиёни инфрасохтори молиявӣ, бояд корҳои зиёди дигар анҷом дода шаванд.

Дар рафти чорабинӣ Роҳбари Котиботи Шуро, Нуъмон Абдуғаффорзода оид ба ислоҳот дар ин самт, аз ҷумла мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ аз руи нишондиҳандаи «Дастрасӣ ба қарз» ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуд.

Сипас, миёни иштирокчиён саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифта, идомаи ислоҳот бо мақсади дастрасии васеи соҳибкории хурду миёна ба захираҳои қарзӣ мувофиқи мақсад дониста шуд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид