01-04-2016

Бизнес-форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея

30 марти соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Бизнес-форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузор намудани чунин форум таъмин ва таҳким намудани рушди муносибатҳои соҳибкориву иқтисодӣ байни Тоҷикистону Корея мебошад.

Дар кори форум, ки бо ҳамоҳангиии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва баргузор гардид беш аз 100 нафар соҳибкор аз ду кишвар ва иштирок намуданд.

Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ кори форумро ҳусни оғоз бахшида, иштирокдорони бизнес-форумро хайра мақдам гуфт. Сонӣ Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ли Ук Хен ва Президенти Ассосиатсияи дустии Ҷумҳурии Корея ва Осиёи Марказӣ хонум Ли Ок Рен бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.

Дар шароити кунунӣ муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея, ки дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ асос меёбад, ботадриҷ равнақ меёбанд. Аз ҷумла ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар дар соли 2015, 19,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, ҳамзамон ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Корея потенсиали зиёди истифоданашуда барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, тиҷорат, гидроэнергетика, сайёҳӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиётро доранд.

Инчунин баҳри таҳкими муносибатҳои Ҷумҳурии Корея бо минтақаи Осиёи Марказӣ “Форуми ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Корея ва давлатҳои Осиёи Марказӣ” аз соли 2007 фаъолият мекунад, ки барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Корея аҳамияти зиёд дорад. Ҳамасола дар рафти Форуми мазкур мавзуҳои мухталифи ҳамкорӣ баррасӣ мегарданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои мухталифи Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (KOIСА) иштирок мекунад.

Сиёсати пайгиронаи «дарҳои кушода»-и Роҳбарияти олии сиёсии кишвар ҷиҳати ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва иштироки ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар мамлакат мусоидат карда истодааст.

Омилҳои асосии ҷалби сармоя ин пеш аз ҳама суботи сиёсӣ, қонунгузорӣ барои рушди бахши хусусӣ, иқлими муносиб, дастрасии бойигариҳои табиию канданиҳои фоиданок ва қувваи кории арзону соҳибтахассусро дар бар гирифта, муҳайё намудани шароит барои рушди соҳибкорию тиҷорати байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузории ватанию хориҷӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбанд.

Инчунин ҷойгиршаваии ҷуғрофии Тоҷикистон дар маркази Осиёи Марказӣ аҳамияти стратегӣ дошта, он имкон медиҳад, ки пайвандгари давлатҳо дар минтақа гардад.

Таърихан Тоҷикистон тавассути Роҳи Абрешим мақоми махсусро дар савдои байни давлатҳо ва мубодилаи фарҳангӣ дар минтақа дошт, ки тибқи он муносибатҳои иқтисодиву фарҳангӣ байни кишварҳои шарқу ғарб амалӣ мешуданд.

Яке аз афзалиятҳои фазои сармоягузории мамлакат, ин ҳамгироӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва мутобиқ намудани он ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.

Дар ин самт, ислоҳоти муҳим гузаронида шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид ва Конвенсияи Ню-Йорк оид ба эътирофи қарорҳои арбитражии хориҷӣ ва Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани тайиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ ба тасвиб расонида шуд, ки барои ҷалби бештари сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад намуд.

Қонунгузории амалкунанда зиёда аз 60 намуди кафолатҳо ва имтиёзҳои андозию гумрукиро муайян намудааст.

Аз ҷумла, вобаста ба ҳимояи моликияти хусусӣ, дахолатнопазирии фаъолияти иқтисодӣ, инчунин имтиёзҳои махсуси иловагӣ ба соҳахои стратегии иқтисодиёт ба монанди бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, коркарди алюминий, нахи пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шуда, байни сармоягузорони ватанию хориҷӣ аз лиҳози ҳуқуқӣ низоми ягона ташаккул ёфтааст.

Ба сармоягузорон ва кормандони хориҷӣ ҳуқуқи ба хориҷа интиқол додани маблағи даромади онҳо ва музди меҳнат бо асъори хориҷӣ, ки ба таври қонунӣ аз сармоягузориҳо ва фаъолияти истеҳсолӣ ба даст омадааст, кафолат дода мешавад.


Корхонаҳои молистеҳсолкунандаи навтаъсис вобаста ба ҳаҷми сармоягузориҳо ба муҳлати аз 2 то 5 сол аз андоз аз фоида озоданд.

Субъектҳои чор минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки дар манотиқи гуногуни кишвар таъсис дода шудаанд, дар доираи фаъолияти амалишаванда ва молу мулки истифодашаванда аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз ва ўҳдадориҳои андозии муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба истиснои андози иҷтимоӣ пурра озод карда мешаванд.

Қонунгузории амалкунандаи кишвар қариб ҳамаи шаклҳои иштироки сармоягузоронро дар татбиқи лоиҳаҳои тиҷоративу сармоягузорӣ тариқи таъсиси ширкатҳои саҳомӣ ва ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд пешбинӣ намуда, вобаста ба соҳа кафолати манфиатҳои онҳоро тариқи созишномаи сармоягузорӣ, созишномаи тақсимоти маҳсулот, созишномаи консессионӣ ё шарикии давлат ва бахши хусусӣ тавассути усулҳои (BOT) Build–operate–transfer (билд –опирейт – трансфер) ё бо ибораи дигар «Сохтмон — идоракунӣ — супоридан» ва (ВОО) Build-Own-Operate (билд – он – оперейт) «Сохтмон — ихтиёркунӣ — идоракунӣ» таъмин менамояд.

Тадбирҳои адешидашудаи дар соҳаи батанзимдарории муҳити сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ имкон дод, ки нишондиҳандаҳои кишвар дар гузориши ҳарсолаи Бонки ҷаҳонӣ «Пешбурди Тиҷорат» хеле беҳтар гарданд ва солҳои 2010, 2011 ва 2014 дар қатори даҳ кишвари ислоҳотгари гузориши мазкур шомил ва имсол ба 34 зина боло бошад.

Дар доираи Бизнес-форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум байни Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷинвест” ва Ассосиатсияи дустии байни Ҷумҳурии Корея ва Осиёи Марказӣ ба имзо расид.


Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид