12-04-2016

Ҷаласаи шонздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

Имрӯз, таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ҷаласаи шонздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.
Нахуст дар ҷаласа гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим оид ба мониторинги иҷрои қарорҳои қаблии Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Қайд карда шуд, ки қарорҳои дар ҷаласаи понздаҳуми Шӯро қабулгардида ба рушди соҳаҳои саноат ва истеҳсолоти миллӣ, паст кардани арзиши аслӣ ва содироти маҳсулоти рақобатпазир, таъмини истеҳсолот бо қувваи барқ, рушди бозори суғурта, баррасии саривақтии муроҷиатҳои соҳибкорон, рушди бемайлони соҳибкориву сармоягузорӣ ва таҷлили “Рӯзи соҳибкор” равона шуда буданд.
Иттилоъ дода шуд, ки нахустин солгарди “Рӯзи соҳибкор” бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 14 октябри соли 2015 бо доир намудани як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони “Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор” таҷлил гардид.
Котиби масъули Шӯро Қодири Қосим қайд намуд, ки дар доираи иҷрои қарорҳои Шӯро, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ”, “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” ва Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ, ки бо истифода аз таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ таҳия шудаанд, қабул гардиданд.
Тавре қайд гардид, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди исеҳсолоти миллӣ мукаммал карда шуда, дар мувофиқа бо вазорату идораҳо ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шудааст. Инчунин, бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва тиҷорати аграрӣ дар назди Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ гурӯҳи кории байниидоравӣ фаъолияти худро ҷамъбаст намуда, натиҷаҳои он бо таҳлилҳои мушаххас ва тавсияҳо, инчунин лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ва тиҷорати гарарӣ ба ҷаласаи имрӯзаи Шӯро пешниҳод шудааст.
Вобаста ба масъалаи мазкур инчунин намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд баромад намуданд.
Роҳбари ҶДММ «Мадина ва ҳамкорон» - Набот Додхудоева оид ба татбиқи бахши хусусӣ дар иҷрои супоришҳои протоколии ҷаласаҳои қаблии Шӯро, таъсиси ҷойҳои нави корӣ тавассути ба таври васеъ ба роҳ мондани соҳибкории истеҳсолии хурду миёна бо истифодаи ашёи хоми ватанӣ, азхудкунии сарватҳои табиӣ ва истеҳсоли моли ниҳоӣ аз онҳо, пурра ба коркард фаро гирифтани меваю сабзавоти дар кишвар истеҳсолшаванда мулоҳизаҳои худро баён намуд.
Намояндаи доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон (БАТР) Ричард Ҷонс дар баромади худ ба фаъолияти Шӯрои машваратӣ, ҳамчун майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар гузаронидани ислоҳоти беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ баҳои баланд дод. Ҳамчунин саҳми БАТР дар самти дастгирии бахши хусусӣ, маблаѓгузории лоиҳаҳои инфрасохторӣ, аз ҷумла соҳаҳои энергетика, саноат ва молия қайд карда шуд.
Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Изатулло Сатторӣ баромад намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти Гуруҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ гузориш дод. Аз ҷумла ҳисоботи гурӯҳи корӣ бо тавсияҳои мушаххас ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ муаррифӣ карда шуд.
Намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд низ дар ин робита ибрози назар намуданд.
Роҳбари Ассосиатсияи агробизнеси Тоҷикистон Шораҳматов Ш. дар баромади худ оид ба як қатор масъалаҳои соҳа ибрози назар намуд. Аз ҷумла вобаста ба лоиҳаи Дастурамал дар бораи баҳисобгирии муҳосибавӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и хурд, миёна ва калон қайд карда шуд, ки ҷорӣ намудани он фаъолияти хоҷагиҳои деҳқониро боз ҳам мушкил гардонида, ба самаранокии фаъолияти кишоварзӣ таъсисри манфӣ мерасонад. Ҳуҷҷати мазкур хароҷотҳои иловагиро ба миён оварда, таваҷҷуҳи соҳибкорон ва сармоягузоронро ба фаъолияти кишоварзӣ коҳиш хоҳад дод.
Ҳамчунин дар баромад масъалаҳои вобаста ба рушди тиҷорати аграрӣ, рушди бозори тухмиҳо, коҳиш додани касалиҳои растаниҳо ва дастрасии васеъ ба захираҳои қарзӣ дар соҳаи кишоварзӣ таъкид карда шуд.
Роҳбари Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Виорел Гуту, зарурати гузаронидани ислоҳоти кишоварзиро дар алоқамандӣ бо занҷираи арзиши иловашуда, ҷорӣ намудани ҳавасмандгардонӣ ва васеъ намудани хизматрасониҳои таъмини техникӣ барои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, таҳкими системаи амнияти миллии озуқаворӣ, таҷҳизот ва суғуртаи кишоварзӣ мусоидат хоҳад кард қайд намуд.
Вобаста ба масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Неъматулло Ҳикматуллозода баромад намуда, оид ба натиҷаҳои таҳлили пешакии мушкилиҳои низоми андозбандӣ ва роҳҳои ҳалли он гузориш дод.
Дар ин замина бо мақсади таъмини рушди бемайлони фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ як қатор тавсияҳо ҷиҳати беҳтар намудани сиёсати андоз ва маъмурикунонии он пешниҳод гардид.
Нисбат ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа Котиби масъули Шӯро – Қодири Қосим маълумот дода, масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар соҳаи нақлиётро барои баррасӣ дар ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби ҳамаи аъзои Шӯро дастгирӣ ёфт.
Вобаста ба масъалаҳои дахлдори ҷаласа инчунин намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд баромад намуданд.
Дар хотимаи ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба масъулин ва вазорату идораҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасигардида дастуру супоришҳои дахлдор дод.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид