12-05-2016

Ифтитоҳии Лоиҳаи ташкили курсҳои омўзишӣ вобаста ба баланд бардоштани мавқеи соҳибкорӣ дар байни масъулони мақомоти давлатии танзими фаъолияти соҳибкорӣ

Санаи 10 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳии Лоиҳаи ташкили курсҳои омўзишӣ вобаста ба баланд бардоштани мавқеи соҳибкорӣ дар байни масъулони мақомоти давлатии танзими фаъолияти соҳибкорӣ баргузор гардид.

Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди соҳибкорӣ, беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани он, ислоҳоти зарурӣ гузаронида шуда, тадбирҳои иловагӣ андешида шуда истодаанд.

Имрўзҳо бахши хусусӣ мавқеи муҳимро дар иқтисодиёти мамлакат касб намуда, рушди бахши хусусиву соҳикборӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат муқаррар гардидааст.

Описание: D:\Рабочий стол_2\Лоихаи Бонки чахони\foto.jpg Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ ва Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверc-Картер дар баромади ифтитоҳии худ оид ба моҳият ва зарурати масъалаи омўзиш ва баланд бардоштани малакаи доираҳои мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон дар самти ҳамкориҳои муштарак ибрози назар намуда, қайд карданд, ки ҳадафи барномаи омӯзиш мусоидат намудан ба рушди бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Нигина Анварӣ қайд кард, ки дар натиҷаи амалисозии ислоҳот ҳиссаи бахши хусусӣ дар ММД ба 67 фоиз расида, қариб 80 фоизи даромадҳои андоз ба бахши хусусӣ рост меояд ва 65 фоизи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол дар бахши хусусӣ машғуланд. Дар ин замина, ташкил ва гузаронидани курси омўзишӣ барои масъулони давлатӣ , идомаи мантиқии ислоҳотҳо буда, ҳадаф аз он баланд бардоштани малакаи масъулони мақомоти давлатӣ дар самти беҳсозии фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва омўзонидани масъалаҳои муҳимияти рушди соҳибкорӣ , рушди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ба ҳисоб меравад.

Дар чорабинӣ Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Нуъмон Абдуғаффорзода ва Роҳбари Департаменти Бонки ҷаҳонӣ Бенҷамин Ҳерзберг дар чорабинӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки чунин омўзишҳо дар ин миқёс ва фарогирии мавзўҳои рўзмарраву муҳим бори нахуст ташкил карда шуда, он аз ҷониби мутахассисони баландихтисоси сатҳи байналмилаливу миллӣ гузаронида мешавад.

Изҳори итминон карда шуд, ки татбиқи Лоиҳаи мазкур ва гузаронидани курсҳои омузишӣ барои тақвият бахшидани заминаи фаъолияти соҳибкорӣ , беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва муколамаи давлат ва бахши хусусӣ тавассути баланд бардоштани донишу малакаи зинаи миёнаи масъулони мақомоти давлатӣ ва дар маҷмуъ мустаҳкамшавии муносибатҳои шарикии байни мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ таконе хоҳад бахшид.

Описание: D:\Рабочий стол_2\Лоихаи Бонки чахони\foto_1.jpg Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид