08-06-2016

Мизи мудаввар дар мавзуи муаррифии ислоҳот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ


Санаи 8 июни соли ҷорӣ дар МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» Мизи мудаввар оид ба муаррифӣ намудани ислоҳотҳо ва натиҷаҳои ҷаласаи XVI Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ намояндагони бахши хусусӣ, мақомоти давлатӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулмаҷид Муминзод дар баромади ифтитоҳии худ оид ба таваҷҷуҳи хосса ва сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар мамлакат ибрози назар намуда, қайд кард, ки татбиқи ислоҳоти фарогир дар кишвар натиҷаҳои самарабахш дода истодаанд.

Танҳо дар соли 2015 ва 5 моҳи соли 2016 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ”, “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”, “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, марҳилаи дуюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ, Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ, як қатор тағйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд, ки дар чорабинӣ аз ҷониби коршиносон ба таври васеъ ба намояндагони бахши хусусӣ муаррифӣ карда шуданд.

Вобаста ба ислоҳот дар доираи фаъолияти Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, аз ҷумла натиҷаҳои ҷаласаи XVI Шўро Роҳбари Котиботи Шўрои машваратӣ, Нуъмон Абдуғаффорзода ибрози назар намуд.

Қайд гардид, ки яке аз масъалаҳои асосие, ки дар ҷаласаи XVI Шўро муаррифӣ карда шуд, натиҷаҳои таҳлил оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ буда, дар ин самт зиёда аз 100 тавсияҳо ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ва тиҷорати аграрӣ омода карда шуд ва дар ин раванд намояндагони бахши хусусӣ фаъолона ширкат намуданд.

Вобаста ба масъалаи муҳими дигар оид ба натиҷаҳои таҳлили мушкилиҳои низоми андозбандӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, ки дар ҷаласаи XVI Шўро мавриди баррасӣ қарор дода шуд, муовини Сардори Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Абдулҳаким ба ҳозирин маълумот дод.

Тавре қайд карда шуд, дар ҳуҷҷати мазкур баррасӣ ва дарёфт кардани роҳҳои ҳалли мушкилоти андозӣ, аз ҷумла тавассути таҳлилҳои самаранокии имтиёзҳои андозӣ, санҷишҳо ва ҷаримаҳои андозӣ, механизми муайяни баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда, ҳалли баҳсҳои андозӣ, ҳавасмандкунии соҳибкорон ва фарогирии пурраи онҳо бо андозбандӣ, боз ҳам беҳтар намудани маъмурикунонии андоз дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин дар чорабинӣ оид ба дастгирии устувори ҳамоҳангсозии кумаки беруна ва ҳамкории самаранок баҳри рушд муаррифнома пешниҳод шуд, ки тибқи он то имрўз дар доираи лоиҳаҳои гуногун кўмакҳои зиёд амалӣ гардида, идомаи корҳо дар самти мазкур дар назар дошта шудааст.

Дар рафти чорабинӣ миёни иштирокчиён саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифта, намояндагони бахши хусусӣ ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Қобили тазаккур аст, ки имрузҳо дар қатори Шўрои миллӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, инчунин шўроҳои маҳаллии машваратӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолияти пурсамар намуда истодаанд.

Дар ин раванд, дар анҷоми чорабинӣ, ба котибони шўроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкории як қатор вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маҷмуи воситаҳои техникӣ тақдим карда шуд.


Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид