22 Декабря 2016

Аз Паём то Паём

Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ инъикос гардидаанд, дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, дар доираи идомаи ислоҳот ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соли 2016 корҳои муайянро ба анҷом расонид.

Оид ба қарорҳои ҷаласаи XV Шурои машваратӣ

Дар доираи иҷрои қарори протоколии ҷаласаи понздаҳуми Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ бо вазорату идораҳо мувофиқа карда шуда, он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 324 аз 27 июли соли 2016 тасдиқ карда шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки ҷаласаи понздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 7 августи соли 2015, дар шаҳри Душанбе баргузор гардидааст.

Тибқи қарори протоколии ҷаласаи XV Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ имсол (соли 2016) аз ҷониби Котиботи Шуро якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои об дар доираи фаъолияти гуруҳи корӣ, таҳлилҳо вобаста ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар бахши энергетика ва таъмини истеҳсолот бо неруи энергетикӣ гузаронида, ба анҷом расонида шуд.Дар назар дошта шудааст, ки натиҷаҳои он ба ҷаласаи XVII Шуро пешниҳод карда мешаванд.

Оид ба ҷаласаи XVI Шурои машваратӣ

Санаи 12 апрели соли 2016 ҷаласаи XVI Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Қайд кардан лозим аст, ки Ҳисобот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ бо омода намудани беш аз 100 тавсияҳо ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ ба баррасии ҷаласа пешниҳод карда шуда, айни замон он барои мувофиқа ба вазорату идораҳо ирсол карда шудааст.

Таъсис ва таҳкими фаъолияти Шуроҳои машваратӣ дар минтақаҳо

29 январи соли 2016 дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон Мизи мудаввар дар мавзуи «Нақши шуроҳои маҳаллӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар таҳкими рушди иқтисодӣ» баргузор гардид.

Иштирокчиёни мизи мудаввар фикру андешаҳо, мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои худро асосан атрофи масъалаҳои зарурати ҳамоҳангсозии фаъолияти шуроҳои машваратии сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ, пайгирии таъсири буҳрони иқтисодӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, таҳияи стратегияҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва амалкард дар асоси он, мусоид намудани фоизҳои қарзҳои бонкӣ ва васеъ намудани дастрасӣ ба қарзҳо, таҳлили сабабҳои қатъёбии фаъолияти соҳибкорон, таҳким бахшидани фаъолияти Гуруҳи корӣ оид ба такмили Кодекси андоз, ташкили васеи фаъолияти заршуӣ ва нуқтаҳои қабул барои он дар минтақаҳо ва ѓайра иброз намуданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи банди 8-и Протоколи ҷаласаи 14-уми Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 17 ноябри соли 2014 (№1С/22-7 аз 28.11.2014), мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати таъсис додани Шуроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар назди раисони шаҳру ноҳияҳо ва фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои фаъоляти бомароми онҳо вазифадор карда шудаанд.

Айни замон шуроҳои машваратӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар вилоятҳо ва зиёда аз 30 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис ёфта ва фаъолият намуда истодаанд.

Дар водии Рашт Шурои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт таъсис дода шудааст, ки Раиси Шурои машваратӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раисони 5 ноҳияи водӣ ба ҳайси ҳамраисони Шуро фаъолият мекунанд.

Қобили зикр аст, ки Котиботи Шурои машваратӣ ва бахши хусусӣ бо дастгирии шарикони рушд, аз ҷумла лоиҳаи Барномаи рушди СММ аз 29 октябр то 19 ноябри соли 2015 дар 9 минтақа ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ - вилоятҳои Хатлону Суғд, водии Рашт, шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент, Исфара, ноҳияҳои Дӯстӣ, Шаҳритуз, Восеъ, Фархор, Темурмалик ва Айнӣ ҷиҳати таъсис ва таҳкими фаъолияти шуроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори институтсионалии шуроҳои амалкунанда мулоқотҳо баргузор намуданд.

Дар доираи ислоҳотҳо

Қобили қайд аст, ки дар самти гузаронидани ислоҳот дар доираи фаъолияти Шурои машваратӣ корҳо мунтазам идома дода шуданд.

Танҳо дар соли 2015 ва 5 моҳи соли 2016 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ”, “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”, “Дар бораи фаъолияти суѓуртавӣ”, марҳилаи дуюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ, Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ, Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ, як қатор таѓйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла Кодекси андоз қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд.

Чорабиниҳо дар доираи фаъолияти Шурои машваратӣ

Мизи мудаввар оид ба муаррифӣ намудани ислоҳотҳои таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашуда

Санаи 8-уми июни соли 2016 дар МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» Мизи мудаввар оид ба муаррифӣ намудани ислоҳотҳои таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашуда ва натиҷаҳои ҷаласаи XVI Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ намояндагони бахши хусусӣ, мақомоти давлатӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Иштирокчиён оид ба таваҷҷуҳи хосса ва сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар мамлакат, ислоҳот дар доираи фаъолияти Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ибрози назар намуда, қайд гардид, ки татбиқи ислоҳоти фарогир дар кишвар натиҷаҳои самарабахш дода истодаанд.

Дар ин ҳамоиш дар доираи ислоҳот оид ба қабул ва мавриди амал қарор дода шудани як қатор қонунҳо, марҳилаи дуюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ, Нақша- чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ натиҷаҳои таҳлил оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ, натиҷаҳои таҳлили мушкилиҳои низоми андозбандӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, шуроҳои маҳаллии машваратӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, як қатор таѓйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда ибрози назар карда шуд.

Инчунин дар мизи мудаввар натиҷаҳои ҷаласаи XVI Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва қабули Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат дар бахшҳои саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ дар ин ҷаласа муаррифӣ карда шуд.

Конфронс дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ”

5 августи соли 2016 дар МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронс дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ” бо иштироки доираи васеи намояндагони мақомоти расмии ҷумҳурӣ, сармоягузорону соҳибкорон ва ширкатҳои ватанию хориҷӣ, олимону коршиносон, ассосиатсияҳо ва созмонҳои соҳибкорӣ баргузор гардид.

Дар кори конфронс Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Давлаталӣ Саид иштирок ва баромад намуда, дар суханронии худ оид ба нақши бесобиқаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ташаккули фазои сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва марҳилаҳои он, таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, доираи масъалаҳои сатҳи байналмилалии соҳибкорию сармоягузорӣ ва муҳимтарин дастовардҳо дар самти соҳибкорию сармоягузорӣ таҳти сарварии Президенти кишвар бадастомада ибрози назар намуд.

Намояндагони мақомоти давлатӣ, соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ оид ба таваҷҷуҳи доимӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ ва нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ ва дастовардҳо дар ин самт андешаҳои худро баён намуданд.

Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016

Дар доираи таҷлили дуюмин солгарди «Рӯзи соҳибкорон» 14 октябри соли 2016 дар пойтахти мамлакат Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 таҳти унвони «Рушди истеҳсолоти миллӣ - имконияти нави соҳибкорӣ» баргузор гардид.

Форуми ҳарсолаи байналмилалии соҳибкорӣ таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташкил ва баргузор карда шуда, шакли муҳимтарини муколамаи байни давлат ва бахши хусусӣ, чорабинии калони соҳибкорию сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Форум мақомоти расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонони баландпояи ҳукуматҳои кишварҳои ҳамшарик, коршиносон, роҳбарон, намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавии бахши соҳибкорию сармоягузорӣ иштирок намуданд.

Кори Форум дар шаш бахши пленарии зерин гузаронида шуд:

-Панели 1-ум «Сиёсати иқтисодии ба сармоягузории асосёфта. Имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

-Панели дуюм “Воридотивазкунӣ - имконияти нави соҳибкориву сармоягузорӣ дар Тоҷикистон”;

-Панели 3-юм «Ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ - заминаи рушди истеҳсолоти миллӣ»;

-Панели чорум “Тақвияти имкониятҳои инфрасохторӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон”

-Панели 5-ум “Бартариятҳои Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ”;

-Панели 6-ум дар мавзуи “Тоҷикистон - кишвари сайёҳӣ, имкониятҳои рушд”.

Дар доираи Форум як қатор ёддоштҳои тафоҳум ва созишномаҳо ба имзо расонида шуда, Изҳороти Форум қабул карда шуд.

Бо мақсади пайгирии Изҳороти Форум супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2016 таҳти № 24836(22.7) ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати иҷро ирсол гардидаст.

Форуми соҳибкорони мамлакат ва намоишгоҳи молу маҳсулоти «Хатлон-2016»

22 июли соли 2016 дар шаҳри Кӯлоб Форуми соҳибкорони мамлакат ва намоишгоҳи минтақавии молу маҳсулоти Хатлон-2016 баргузор гардид. Дар кори Форум намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон, роҳбарияти вилояти Хатлон ва дигар вилоятҳо, бахши хусусӣ, ширкатҳои ватанию хориҷӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, ассотсиатсияҳо ва ташкилотҳои касбӣ, созмонҳои байналмилалию молиявӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Дар ҷаласаҳои бахшҳои алоҳидаи форум мавзуъҳои муҳим аз ҷумла дар бахши 1-ум имкониятҳои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва тавсеаи содирот, бартараф намудани монеаҳои мавҷуда, ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии сифат дар корхонаҳои саноатӣ, имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар рушди соҳаи саноат, баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ ва муосиргардонии хизматрасониҳои логистикӣ ва рушди минбаъдаи занҷираи арзиши иловашуда дар бахши кишоварзӣ дар бахши 2- юм мавзуъҳои имкониятҳои истеҳсоли неруи энергетикӣ дар вилояти Хатлон ба сармоягузорони дохилию хориҷӣ, сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтидорҳои фаъолияткунандаи энергетикӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар инфрасохтори энергетикӣ муаррифӣ ва оид ба рушди соҳаи сохтмон ва меъморӣ, нархгузорӣ дар сохтмон суханронӣ карда шуд.

Ҳамчунин мавзуъҳои муаррифии мавзеъҳои таърихиву фарҳангии вилояти Хатлон, истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон барои ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ва монеаҳои рушди бахши сайёҳӣ дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Пас аз баррасии масъалаҳо дар бахшҳои асосӣ натиҷаи кори Форум ҷамъбаст ва вобаста ба он аз тарафи иштирокчиён Изҳороти Форум қабул карда шуд.

Қобили қайд аст, ки дар доираи Форум меҳмонон ва иштирокчиён аз намоишгоҳи молу маҳсулоте, ки аз тарафи соҳибкорони ватанию хориҷӣ ба маърази намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд.

Ҷаласаи 7-уми майдони минтақавии Муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар мавзуи «Заминаи ҳуқуқӣ дар бахши истифодабарии қаъри замин»

Санаи 24-25 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҷаласаи 7-уми майдони минтақавии Муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар мавзуи «Заминаи ҳуқуқӣ дар бахши истифодабарии қаъри замин» баргузор гардид.

Тавре аз маълумоти расмии омории ҷумҳуриявӣ бармеояд, ҳаҷми ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ дар соҳаи истифодабарии қаъри замин батадриҷ афзуда, солҳои 2007 – 2015 дар ҷумҳурӣ 765 млн. доллари америкоиро ташкил дода, дар маҷмуъ ҳаҷми умумии ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ ба соҳаи мазкур солҳои 2011 – 2015-ум 422 фоиз афзудааст. Айни замон, лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қаъри замин ва истифодабарии он» таҳия шуда истодааст.

Баромадкунандагон оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқии бахши истифодаи қаъри замин, ислоҳоти заминаҳои меъёри ҳуқуқӣ, таъмини қонунгузории пешқадам дар соҳа бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ташаккули мақсад ва амалинамоии роҳу услуби гуногун ҷиҳати ноил гардидан ба он ибрози назар намуданд.

Омӯзишҳо оид ба баланд бардоштани мавқеи соҳибкорӣ дар байни масъулони мақомоти давлатии танзими фаъолияти соҳибкорӣ

Санаи 10 майи соли 2016 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳии Лоиҳаи ташкили курсҳои омӯзишӣ вобаста ба баланд бардоштани мавқеи соҳибкорӣ дар байни масъулони мақомоти давлатии танзими фаъолияти соҳибкорӣ баргузор гардид.

Ҳадафи барномаи омӯзиш аз мусоидат намудан ба роҳандозии стратегияҳои иловагӣ дар самтҳои таъсиси ҷойҳои корӣ, бахусус дар байни ҷавонон бо ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ, рушди нерӯ ва малакаҳои ҷавонон оид ба масъалаҳои бароҳмонии муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, истифода намудани донишу малакаи ҳосилнамудаи ҷавонон дар ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, баланд бардоштани нерӯи мақомоти ҳукумативу давлатӣ дар самти беҳсозӣ ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқию иқтисодии фазои сармоягузорӣ ба баланд бардоштани малакаи доираҳои мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон дар самти ҳамкориҳои муштарак ва рушди бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ иборат буд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи омӯзиши малакаҳои соҳибкорӣ дар мухлати аз 20 июни соли 2016 то 1 августи соли 2016, ба 3750 ҷавонони синнашон аз 15 то 25 сола аз вилоятҳои Суѓду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ асосҳои соҳибкорӣ, рушди малакаи пешсафӣ, саводнокии молиявӣ омӯзонида шуд.

Start-up «Чойхона»- майдони пешбурди лоиҳаҳои соҳибкории ҷавонон

18 ноябри соли 2016 маркази Start-up «Чойхона» ба фаъолияти худ оғоз намуд. Ин иқдом бо ташаббуси муштараки доираи соҳибкорон ва шарикони бахши хусусӣ амалӣ гардидааст.

Ҳадаф аз ташкили чунин марказ ҷалби ҳарчӣ бештари ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ, афзоиши фарогирии ҷавонон бо шуғл тавассути дастгирии идеяҳо, лоиҳаҳо ва фаъолияти соҳибкорӣ ва инноватсионии ҷавонон мебошад.

Бешубҳа, маркази Start-up «Чойхона» ҳамчун платформаи муҳим метавонад барои пешбурди лоиҳаҳои соҳибкории ҷавонон, махсусан барои ҷавононе, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ оғоз мекунанд, инчунин ба рушди бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ ҳамаҷониба мусоидат намояд. Дар чорабинӣ як қатор лоиҳаҳо ва идеяҳои бизнес-тиҷоратӣ ва соҳибкорӣ барои дарёфти сармояҳо муаррифӣ карда шуд.

Паёми навбатӣ - самтҳои рушд барои соли 2017

Инак, ҷумҳурии мо дар остонаи ирсоли Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ қарор дорад.

Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ тамоми талошварзиҳоро баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод мегардад, равона намуда, дар доираи ислоҳоти иқтисодӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ амалисозии тадбирҳои заруриро бомаром идома хоҳад дод. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид