30-05-2017

Дастгирии давлатии ҳунармандон: тадбирҳо оид ба масъалаҳои пардохти андоз ва маблағҳои патент

Тавре маълум аст, масъалаи дастгирӣ ва мусоидат ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, мавриди таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Аз ҷумла, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат дар ин ҷода тибқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 25 январи соли 2017 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №461” барои дар деҳотҷойҳо машғул гардидан ба фурӯши маҳсулоти пашмӣ, намадӣ, пахтагӣ, абрешимӣ, гулдӯзиву зардӯзӣ, ки дар маҷмуъ харидорони зиёд доранд, аз пардохти андоз озод карда шудаанд.

Ҳамзамон,тибқи ин қарор шаҳрвандоне, ки дар деҳотҷойҳо курсҳои омӯзиши ҳунарҳои миллӣ, аз қабили дӯзандагӣ, бофандагӣ, риштабофӣ, газворбофӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ, рассомӣ, рангуборкунӣ ва наққоширо ташкил намудаанд, мавриди андозбандӣ қарор намегиранд.

Тавре қаблан иттилоъ дода шуда буд, бо мақсади устувор намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии рушди ҳунарҳои мардумӣ Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд (банди 9, зербанди 2 Протоколи ҷаласаи ХVII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 30 январи соли 2017), ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ҳунармандӣ» таҳия ва ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯро пешниҳод карда шавад.

Метавон итминон намуд, ки намояндагони мақомоту идораҳо ва бахши хусусӣ, ҷиҳати татбиқи иқдомоти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, эҳё намудани суннатҳои қадимаи мардуми тоҷик, аз ҷумла дар раванди таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур саҳми худро хоҳанд гузошт.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид