09-06-2017

Шумораи санҷишҳо дар соли 2017 коҳиш меёбад

Дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мунтазам ислоҳотҳо гузаронида мешаванд, ки яке аз чунин ислоҳот коҳиш додани миқдори санҷишҳо ва шумораи мақомоти он ба ҳисоб меравад.

Тавре маълум аст, дар ҷаласаи Х Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 19 октябри соли 2012 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади коҳиш додани миқдор ва шумораи мақомоти санҷишҳо, ҷорӣ намудани шаклҳои муосири санҷиш ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани санҷишҳои субъектҳои хоҷагидор таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» - ро муҳим арзёбӣ намуданд.

Вобаста ба ин тибқи банди 3, зербанди 2 Протоколи ҷаласаи Х Шӯро ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»-ро бо назардошти таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ таҳия ва ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯро пешниҳод намояд.

Ёдовар мешаваем, ки қонуни мазкур 25 декабри соли 2015, № 1269 кабул ва аз 1 июли соли 2016 мавриди амал амал қарор дода шуд.Қонун аз 6 бобу 46 модда иборат буда, он асосҳои ҳуқуқии гузаронидани санҷиш, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор, шахсони мансабдори мақомоти санҷишгузаронандаро муқаррар намуда, муносибатҳои ҷамъиятии марбут ба тартиб ва расмиёти гузаронидани санҷишро ба танзим медарорад. Дар қонун мафҳумҳои таваккал ва меъёрҳои баҳодииҳии дараҷаи он, мақоми ваколатдори давлатӣ, объекти санҷиш ҳамчун мафҳумҳои нав дарҷ карда шуда, он ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, муҳити зист, амнияти давлат ва ҳимояи фаъолияти субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда равона карда шудааст.

Мувофиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” дар ҷумҳурӣ 31 маҷомоти санҷишӣ ва 56 мавзӯи санҷишҳо муайян карда шудааст.

Тибқи муқаррароти қонун бо мақсади назорати раванди санҷишҳо Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти санҷишӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири ҶТ таъсис дода шуда, то имрӯз ду ҷаласаи худро баргузор намудааст.

Муқаррар шудааст, ки имсол шумораи санҷишҳои нақшавӣ нисбат басоли гузашта то 70 фоиз (шумораи санҷишҳои нақшавӣ дар соли 2016 – 248 557 адад ва дар соли 2017 пешниҳодшаванда – 71 362 адад) коҳиш дода мешавад.

Айни замон, Нақшаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор барои соли 2017 пешниҳод гардидааст, ки ин тадбир дар доираи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» аввалин бор дар мамлакат амалӣ мешавад.

Ҳамчунин дар доираи татбиқи қонун маълумотҳои муҳимтарин ва масъалаҳои марбут ба санҷишҳо мунтазам дар сомонаи www.ijozat.tj (www.ijozat.tj/соҳаи санҷиши/нақшаи мақомоти санҷишӣ) дарҷ мегарданд. Аз ҷумла, Нақшаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор барои соли 2017 дар ин сомона ҷой дода шуда, ҳар як соҳибкор имкон дорад, аз ҳамин лаҳза муайян намояд, ки имсол аз ҷониби кадом мақомот ва кай мавриди санҷиш қарор мегирад.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид