29-06-2017

Нахустин Бизнес-коктейл дар ҷумҳурӣ

Дар доираи ташаббускориҳо ва роҳнамоиҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бартараф намудани монеаҳо ва вусъат бахшидан ба ҷалби сармоя, рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ 30 июни соли ҷорӣ бо иштироки роҳбарону намояндагони як қатор ширкату корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ, мақомоти давлатӣ ва шарикони рушд нахустин Бизнес-коктейл баргузор мегардад.

Чорабинӣ аз тарафи Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор мешавад.

Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ таҳким бахшидан ба раванди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, дар фазои мусоиду озод анҷом додани мубодилаи афкор, баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳибкорон тавассути муколамаи байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорону сармоягузорон мебошад.

Бояд қайд кард, ки “Бизнес-коктейлҳо” яке аз шаклҳои муосир ва самараноки муколамаи давлат ва бахши хусусӣ буда, он дар як қатор кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, мамлакатҳои араб, Туркия, Чин ва дигар шарикони тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон васеъ истифода мегардад.

Метавон изҳори итминон намуд, ки натиҷаи нахустин Бизнес-коктейл пурсамар гардида, он минбаъд мунтазам ташкил ва ба роҳ монда хоҳад шуд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид