05-07-2017

Мизи мудаввар дар мавзӯи "Муаррифии таҳлили вазъи таҳсилоти олӣ, истеҳсол ва коркади маҳсулоти озуқаворӣ”

Имрӯз 5 июли соли 2017 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ассосиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон таҳти сарпарастии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Муаррифии таҳлили вазъи таҳсилоти олӣ, истеҳсол ва коркади маҳсулоти озуқаворӣ, ки ба масъалаҳои сифат ва бехатарии маҳсулот вобастагӣ дорад, баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ва ВАО иштирок намуданд.

Бояд қайд кард, ки чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Маълумоти олӣ барои система ва стандартҳои коркарди маҳсулоти хурокворӣ дар Тоҷикистон ва Қиргизистон» бо дастгирии Барномаи Ерасмуси Иттиҳоди Аврупо доир гардид, ки ба ҷорӣ намудани низом ва стандартҳои байналмилалии қабулшуда дар соҳаи амнияти озуқаворӣ, аз ҷумла ХАСП ва Глобал ГАП ба барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар равона карда мешавад.

Қайд карда шуд, ки лоиҳаи “Маълумоти олӣ барои система ва стандартҳои коркарди маҳсулоти хӯроквори дар Тоҷикистон ва Қирғизистон” (HECAFS) моҳи октябри соли 2016 бо маблағгузории «Барномаи Erasmus +» -и Иттиҳоди Аврупо оғоз гардида, бо ҳамкории ду донишгоҳ дар Тоҷикистон, ду донишгоҳ дар Қирғизистон, 3 донишгоҳ дар кишварҳои Иттифоқи Аврупо, Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи корхонаҳои меваю сабзавоти Қирғизистон ва ташкилоти Hilfswerk Austria International татбиқ карда мешавад.

Дар доираи лоиҳа консорсиум модулҳои омӯзиширо оид ба стандартҳо ва системаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ дар сатҳи истеҳсолкунандагон/деҳқонон “Global GAP” ва коркардкунандагон “HACCP” таҳия ва амалӣ мегардонад. Дар оянда, лоиҳа имконият медиҳад, ки корхонаҳои хурду миёна коркарди маҳсулоти минтақавиро барои қонеъ намудани талаботи бозорҳои хориҷӣ бо таъмини бехатарии озуқаворӣ, ва баланд бардоштани рақобатпазири гузорад.

Ҳарду стандарти зикршудаи амнияти озуқаворӣ HACCP ва Global GAP баъд аз омӯзиши амиқи регламентҳои техникӣ ва талаботҳои бозорҳои содиротии анъанавӣ ва потенсиалӣ (Федератсияи Русия ва Иттиҳоди Аврупо) интихоб карда шудаанд.

Ҳадафи лоиҳа дастгирии навсозии системаи таҳсилоти олӣ оид ба татбиқи низоми байналмилалӣ ва стандартҳои истеҳсоливу коркарди маҳсулоти озуқаворӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон, ба ин васила баланд бардоштани иқтидори содиротии корхонаҳои хурд ва миёна маҳсуб ёфта, низоми таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути таҳия ва татбиқи модулҳои омӯзиши дар 2 донишгоҳҳои Тоҷикистон мукаммал мегардад.

Боиси ёдоварист, ки масъалаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти озуқа яке аз самтҳои ислоҳот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат ва рушди истеҳсолоти ватанӣ маҳсуб ёфта, дар ҷаласаи 13-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин радиф, тибқи супориши Раиси Шӯрои машваратӣ таҳлили ҳамаҷонибаи вазъ ва масъалаҳои рушди бахшҳои саноат гузаронида шуда, тавсияҳои мушаххас ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти соҳа дар шакли лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ барои солҳои 2016 – 2018 таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 27 июли соли 2016, №324 ба тасвиб расид.

Тибқи банди 16-уми Нақшаи чорабиниҳои мазкур ҷорӣ намудани барномаи махсуси таълимӣ оид ба стандартҳои байналмилалии ХАССП (НАССР – таҳлили хавфҳо ва нуқтаҳои критикии санҷишӣ) ва «ГлобалГАП» («GlobalGAP») дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳавӣ пешбинӣ карда шудааст, ки ба таҳким бахшидани рақобатпазирии маҳсулоти Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид