10-07-2017

Натиҷаи боз як ислоҳот: Таъсиси МД “Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ” дар ҷумҳурӣ

Инак, бо мақсади таъмини рушди соҳаи сохтмон, беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасониҳо дар соҳаи фаъолияти меъморӣ ва шаҳрсозӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017, №327 Муассисаи давлатии “Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ” таъсис дода шуд.

Қарори мазкур дар доираи амалисозии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2009, №638 “Оид ба такмил додани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва иҷрои банди 10 Протоколи ҷаласаи XIV Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 17 ноябри соли 2014, инчунин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №300 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Умумиҷаҳонӣ”ба анҷом расонида шудааст.

Қобили қайд аст, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти ин муассиса фаъол намудани раванди амалигардонии ислоҳот, таъмини иҷро ва татбиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он барои соддагардонии низоми иҷозатдиҳӣ ба соҳибкорон дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ мусоидат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки масъалаи беҳтар намудани нишондиҳандаҳои байналмилалӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон дар ҷаласаи II Шӯрои машваратӣ аз 18 декабри 2008 ва ҷаласаи VI аз 23 июли соли 2010 баррасӣ ва пешниҳод гардида, тибқи қарори Шӯрои машваратӣ лоиҳаи “Барномаи дастгирии ташкилотҳои сохтмонӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2012-2014” таҳия карда шуд ва сипас лоиҳаи Барнома дар ҷаласаи VII Шӯрои машваратӣ аз 15 марти соли 2011 мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дода шуда, бо қарори дахлдори Ҳукумати мамлакат тасдиқ гардида буд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид