08-08-2017

Баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ»

Имрӯз дар шаҳри Хоруғ мизи мудаввар оид ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони бахши хусусии вилоят, шарикони рушд, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок карданд.

Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки лоиҳа аз 6 боб ва 32 модда иборат буда, дар таҳияи он аз суханрониҳо, роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, Конвенсия дар бораи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ, Париж, 17 октябри соли 2003, Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҷумҳуриҳои Беларус, Туркманистон Ӯзбекистон, Тотористон, шаҳри Москва вобаста ба масъалаҳои ҳунармандӣ, ҳифзи молу маснуоти мероси миллӣ, лоиҳаи Қонуни федералии Федератсияи Россия «Дар бораи рушди фаъолияти ҳунармандӣ дар Федератсияи Россия» истифода бурда шудааст.

Пас аз муаррифӣ, иштироккунандагон вобаста ба лоиҳаи қонун мулоҳизаҳо ва пешниҳодоти худро манзур намуданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи банди 9, зербанди 2 Протоколи ҷаласаи ХVII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 30 январи соли 2017 ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи қонун супориш дода шуда буд.

Чорабинии мазкур бо мақсади омӯзиш, дарёфти пешниҳоду хулосаҳо, фикру мулоҳиза ва тағйироту иловаҳо ба лоиҳаи қонун, дар ҳамкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо лоиҳаи NICE-TAK-и SEQUA gGmbH баргузор гардида, чунин мулоқотҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Курғонтеппа ва Душанбе дар назар дошта шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» дар сомомнаи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ гузошта шуда, аз ҳунармандон, ташкилоту ассотсиатсияҳои ҳунармандӣ, мутахассисон, олимону коршиносон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, шарикони рушд хоҳиш карда мешавад, ки дар омӯзиш, баррасӣ ва пешниҳоди мулоҳизаҳо фаъолона иштирок намоянд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид