05-09-2017

Дастоварди навбатии Шӯро: Рейтинги кредитии соҳибихтиёрӣ барои Тоҷикистон дар сатҳи "B3 – рушди устувор" муқаррар карда шуд.

Агентии байналмилалии рейтингии Moody's (Moody's Investors Service) рейтинги кредитии соҳибихтёрии Тоҷикистонро дар сатҳи "B3 – рушди устувор" муқаррар кард.

Ба иттиллои Шумо мерасонем, ки масъалаи муайян намудани рейтинги кредити соҳибихтиёрии Тоҷикистон дар ҷаласаи 11-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 30 апрели соли 2013 баррасӣ шуда, тибқи Протоколи он ба Бонки миллӣ супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои масъул ва агентиҳои рейтингии байналмилалӣ (Moody's, Standard & Poor's (S&P) ва Fitch Ratings) барои муайян кардани рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.

Ҷиҳати иҷрои супориши қайдгардида, Бонки миллӣ бо ширкатҳои байналмилалии рейтингии Moody's ва S&P ҳамкориҳоро ба роҳ монда, дар натиҷа моҳи июли соли ҷорӣ Агентии Moody's мавқеи худро баён намуд ва интизор меравад, ки Агентии S&P оид ба ин масъала мавқеи худро моҳҳои наздик иброз намояд.

Рейтинги кредитии соҳибихтёрии кишвар фишанги муҳим ва нишондиҳандаи молиявӣ барои ҷалби сармоягузориҳо ба ҳисоб рафта, он аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ бо силсилаи «А», «В» ва «С» муайян карда мешавад. Рейтинги кредитии кишвар ҳамчун нишондиҳанда барои баҳодиҳии хавфҳои сармоягузорӣ арзёбӣ гардида, ҳангоми қабули қарор оид ба ҷойгиркунии сармоягузориҳои дарозмуддат аз ҷониби сармоягузорон ба инобат гирифта мешавад.

Нишондиҳандаи рейтинги кредитии соҳибихтёрии кишвар яке аз шартҳои асосӣ барои воридшавӣ ба бозорҳои байналмилалии сармоя ба ҳисоб рафта, он ҳамзамон ба афзоиши таваҷҷӯҳи сармоягузорон ба иқтисодиёти миллӣ мусоидат менамояд.

Бояд қайд кард, ки ҳатто пасттарин рейтинги кредитӣ барои давлат аз надоштани рейтинг дида беҳтар аст, зеро сармоягузорон тибқи рейтинги муқарраршуда афзалият ва норасогии кишварҳоро барои сармоягузорӣ баҳо дода метавонанд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид