26-09-2017

Бонувони Тоҷикистон дар фаъолияти соҳибкорӣ

Дар арафаи омодагиҳо дар доираи таҷлили сеюмин солгарди «Рўзи соҳибкорон», 25 сентябри соли ҷорӣ бахшида ба ифтитоҳи Барномаи “Бонувон дар соҳибкорӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи мудаввар баргузор гардид.
Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигина Анварӣ чорабиниро ҳусни оѓоз бахшида, таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва хусусан рушди соҳибкорӣ миёни бонувон муҳим арзёбӣ намуд.
Дар ин радиф, оид ба тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати дастгирии давлатии занон ва ташаббусҳои созандаи онҳо дар самти рушди устувори кишвар ва корҳои ободониву созандагӣ, ҳамчун нерўи бузург сафарбар намудани онҳо, як қатор барнома ва стратегияҳои давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробар барои занони Тоҷикистон, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд барои солҳои 2015-2030, грантҳои президентӣ дар ин самт, ба касбомўзӣ ҷалб намудан ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии бонувон, мусоидат бадастрасии бонувони соҳибкор ба захираҳои қарзӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва Фонди дастгирии соҳибкорӣ, фаъолияти Гурўҳи кории байниидоравӣ оид ба дастгирии соҳибкории занон дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ тазаккур дода шуд.
Тавре қайд гардид, яке аз самтҳои асосии фаъолияти Гурўҳи кории мазкур тавсеаи дастрасии бонувони соҳибкор ба воситаҳои молиявӣ буда, дар ин раванд Бонки аврупоии рушд ва таҷдид саҳми назаррас дорад.
Дар чорабинӣ намояндагони Бонки аврупоии рушд ва таҷдид ва дигар шарикони рушд, ассосиатсияҳо, соҳибкорон ва дигар иштироккунандагон атрофи масъалаҳои Барномаи Бонки аврупоии рушд ва таҷдид “Бонувон дар соҳибкорӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои соҳибкории бонувон дар ҷумҳурӣ фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои худро баён намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид