09-10-2017

Конфронси байналмилалии сайёҳӣ баргузор шуд

Имрӯз, дар доираи чорабиниҳои таҷлили сеюмин солгарди “Рӯзи соҳибкорон” дар МД “Китобхонаи миллӣ”-и шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони “Тоҷикистон- сарзамини сайёҳӣ” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, оид ба масъалаҳои дастгириҳои давлатии соҳаи сайёҳӣ, таъсиси мақоми алоҳида дар соҳа, дастовардҳо ва масъалаҳои ҳалталаб ҷиҳати таъмини рушди соҳа, аз қабили маҷмӯи хизматрасониҳои сарироҳии сайёҳӣ, тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат ва баландихтисос ибрози назар намуд.

Дар чорабинӣ инчунин, намояндагони соҳибкорони хусусии самтҳои сайёҳӣ, созмонҳои байналмилалӣ, мақомоти давлатӣ, корпуси дипломатии муқим шаҳри Душанбе, муассисаҳои олии таълимии соҳа иштирок ва баромад намуданд.

Кори конфронс дар панелҳои:

1.Сайёҳии экологӣ ва муолиҷавӣ-яке аз омилҳои рушди устувор

2.Рушди сайёҳии таърихию фарҳангӣ

3.Инфрасохтори сайёҳӣ ва хизматрасонӣ ба сайёҳон идома меёбад.

Қобили қайд аст, ки таҳти сарварии Пешвои миллат, Раиси Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи рушди туризм дар ҷаласаи 10-уми Шӯро аз 19 октябри соли 2012 ҳамаҷониба баррасӣ гардида, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва дар ҷаласаи 12-уми Шӯрои машваратӣ, 13 декабри соли 2013 муаррифӣ карда шуд ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, № 301 тасдиқ гардидааст.

Метавон изҳори итминон кард, ки ба тадбирҳои мунтазам мукаммалсозии заминаҳои меъёриии ҳуқуқӣ ва ташкилию инфрасохтории соҳаи сайёҳӣ ва дар доираи иҷрои Нақшаи чорабинии аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқшуда натиҷаҳои конфронси байналмилалӣ илова барои дар сатҳи сифатан нав мавриди амал қарор додани самтҳои соҳаи сайёҳӣ, аз қабили туризми экологӣ бо риояи нигоҳдории гуногуншаклии биологӣ ва ҳифзи мероси ҷаҳонии табиӣ, сайёҳии таърихию фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид