10-10-2017

Мизи мудаввар оид ба масъалаҳои рушди соҳаи нассоҷӣ ва дузандагӣ дар Тоҷикистон

Дар доираи таҷлили сеюмин солгарди “Рузи соҳибкорон” имрӯз бинои МД “Душанбе Плаза” дар ҳамкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва Иттифоқи бахши хусусии ҷумҳурӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Баррасии масъалаҳои маҷмуавӣ вобаста ба рушди соҳаи нассоҷӣ ва дузандагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Раиси Иттифоқи бахши хусусӣ Ф.Раҷабов оғоз гардида, қайд намуд, ки ҳадаф аз чорабинии мазкур аз фароҳам овардани майдони озод ва созандаи муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ҷиҳати баррасӣ намудани маҷмуи масъалаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ иборат мебошад.

Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Нигина Анварӣ зимни суханронӣ оид ба масъалаҳои дастгирии давлатӣ дар бахшҳои соҳибкории нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, ислоҳотҳои амалишуда ва минбаъд дар соҳа дарназардошташуда, зарурати иштироки фаъолонаи кормандону мутахассисон дар ин раванд ибрози назар намуд.

Дар ҷаласа намояндагони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла вазорати рушди иқтисод ва савдо, кумитаи андоз, ҳамчунин намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар чорабинӣ оид ба масъалаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, роҳҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳа, дастгирии ҷанбаҳои гуногуни он муовини Раиси Ассосиатсияи саноати сабук А.Муҳаммадиев муаррифнома пешниҳод намуд. Директори корхонаи дӯзандагии ҶДММ “Гулистони Душанбе” Д.Бегов оид ба ҳавасмандгардониҳо дар соҳа тавассути воситаи воситаҳои молиявӣ, аз ҷумла сиёсати андозӣ, ААИ, нчунин таҳияи тавзеҳот ба Кодекси андоз пешниҳод манзур намуд.

Ҳамчунин,намояндагони дигари бахши хусусӣ дар чорабинӣ мулоҳизаву назари хешро баён намуданд.

Пас аз суханрониҳо табодули афкор ва саволу ҷавобҳо сурат гирифта, дар анҷоми чорабинӣ тавсияҳои чорабинӣ қабул гардид.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид